News

Blog

ТАБРИКОТИ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Date: 05-10-2022 Просмотрено: 2045

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодрӯз доранд. Мо, тоҷикистониён, маҳз бо сарварӣ ва талошу заҳматҳои Пешвои миллатамон ба ин айёми шукуфову осуда расидем. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳама аркони давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.

Аз рӯзҳои тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардиданашон ба тақдири халқу ватани хеш пайваст. Аз ин рӯ, бояд ҳама шукр гӯем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо Сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барои худ арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад. Сарвари давлат аз садоқати худ ба халқу Ватан чунин баён доштанд:

«Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдори сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам. Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад.»

Ҳаққо, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  меъмори сулҳу истиқлоли давлати миллиамон меҳисобанд. Маҳз тавассути заҳматҳои Сарвари хирадманди давлатамон тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, ба фаъолият пардохтанд. Аз рӯзи аввал ҳамчун роҳбари давлат қавл доданд, ки фирориёнро ба Ватан баргардонида, ба кашмакашиҳо хотима медиҳанд, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунанд. Президенти мо ба қавлашон вафо карданд, фирориёнро ба Ватан баргардонида, бо кӯшишу заҳматҳо 27-уми июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд. Бо талошҳои пайвастаи ин абармард халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги куҳан, номи нобиѓаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд. Маҳз тавассути талошҳои Пешвои миллат кишварамон ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароѓатӣ, роҳу пулу нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохтанашаванда таѓйир дод.

Маҳз ташаббус ва сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистон тавассути роҳу пулҳои навсохташудаву эҳёгардида аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта ба кишварҳои ҷаҳон пайваст гардид. Бо ташаббуси Президенти маҳбубамон  Тоҷикистон узви ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт. Аз ин лиҳоз, заҳматҳои Роҳбари давлат  аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ пазируфта шуда, оламиён тавассути суханрониву пешниҳодоти Президенти Тоҷикистон дар  ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо ошноӣ пайдо карданд. Ҳурмату эҳтиромашон аз ҷониби роҳбарони кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ нишонаи олии эҳтироми Сарвари давлатамон ва ҳусни таваҷҷуҳи мардуми олам нисбат ба халқи тоҷик мебошад.

Солиёни зиёд сипарӣ мешаванду мардум ва таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рӯйи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо дода, ҳеҷ гоҳ хизмату саҳми мусбатшонро дар ташкилу инкишофи давлаташон фаромӯш нахоҳад кард. Аз ин лиҳоз, хизматҳову саҳми Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар ёдномаи мардум абадан боқӣ хоҳад монд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди савгандёдкуниашон бори дигар садоқату маҳбубияташонро ба мардуми кишвар чунин арза доштанд:

«Савганд ба номи поки Худо, ба нону намаки мардуми шарифи Тоҷикистон, ба номи хурду бузурги ин диёри бостонӣ, ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони фарзонаи он ва ба ҷони қариб нуҳуним миллион шаҳрвандони Ватани маҳбубам, ки тамоми донишу таҷриба, саъю талош ва ҳастии худамро фидои ин обу хоки муқаддас, ин халқи дар ҳақиқат бузургу қаҳрамон, соҳибмаърифату тамаддунсоз, меҳрубону қадршинос, заҳматдӯсту матинирода ва Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод месозам».

Чун роҳабрамон халқи моро бузургу қаҳрамон ва заҳматдӯсту матинирода ном мебарад, пас биёед сазовори ин гуфтаҳо бошему дар партави ҳидоятҳои Сарвари маҳбубамон барои рушду шукуфоии кишвари азизамон софдилона меҳнат намоем.

Мавлуди муборакро барои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ҳамаи кормандони соҳа самимона табрик мегӯям. Барои Сарвари хирадмандамон қабл аз ҳама тани сиҳативу комёбӣ ва тинҷиву амонии кишвари бо дастонаш ободкардаро таманно мекунам. Бигузор боз солиёни дигар ҳам дар партави ҳидоятҳои созандаи ин марди хирад Ватани соҳибихтиёрро шукуфону обод гардонем.

 

Зодрӯзи Пешвои муаззам муборак бошад!