Хабарҳо

Blog

Ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ

Санаи нашр: 03-10-2022 Просмотрено: 2276

- Мо нисбат ба забон бояд пайваста ғамхорӣ дошта бошем, барои рушди минбаъдаи он ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони ширину гуворову шоирона мунтазам саъю талош намоем, - гуфт вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҷаласаи тантанвӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки  3 октябр дар Вазорати нақлиёт баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият ва кормандони сохторҳои марбутаи Вазортаи нақлиёт иштирок доштанд. Вазири нақлиёт нахуст аҳли толорро бо ин санаи фархунда табрик гуфта, аз саҳми Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдору зинда нигоҳ доштани забони тоҷикиӣ, мақоми давлатӣ пайдо намудани он ҳарф зада, ҳозиринро ба беолоиш нигоҳ доштани ин забони ноби шоирона даъват намуд.

Сипас, кормандони ҷавони соҳа Забарҷад Асхуҷаева ва Фирдавс Раҳимов дар васфи забон шеърҳо қироат намуда, аз аз ҳуввияти милии забони давлатӣ ва озодии забону баён дар кишвари соҳибистиқлол изҳори хушнудӣ  намуданд.