Хабарҳо

Blog

Тағйирот дар ҳамлу нақли бор тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон

Санаи нашр: 29-09-2022 Просмотрено: 3114

Ба иттилои молрасонҳо ва интиқолдиҳандагони ватаниву хориҷӣ, ки бо Ҷумҳурии Туркманистон ва тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар  ҳамлу нақли борро амалӣ мекунанд  расонда мешавад, ки ба қоидаҳо «Дар бораи танзими фаъолияти мақомоти давлатӣ дар сарҳади гумрукии Туркманистон ва муқаррар намудани ҳаҷми ягонаи боҷҳо ва пардохтҳо аз соҳибони хориҷии воситаҳои нақлиёт” бо фармони президенти Туркманистон таҳти рақами 257 аз 14 сентябри соли 2022 “ тағйирот ворид карда шуд, иттилоъ доданд аз Раёсати нақлиёти рўйизаминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ҳаҷми пардохтҳо «бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва рақобатпазир барои ҳамлу нақли молҳои содиротӣ-воридӣ ва транзитӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва транзитӣ тавассути қаламрави Туркманистон» ба роҳ монда шудааст.

Ҷадвали тарифҳои пешниҳодшуда барои ҳамлу нақли бор тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон чуни наст: