Дар доираи ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гардид, вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо нишони фахрии Шўрои байниҳукуматии мазкур «Барои саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи геология» қадр гардид, ки онро сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба Азим Иброҳим тақдим намуд.
Оймуҳаммадзода қайд кард, ки маҳз барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ Азим Иброҳим узви фахрии Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ гардид. Оймуҳамммадзода ҳамчунин қайд кард, ки дар пешрафти кори соҳаи геологияи тоҷик Азим Иброҳим корҳои зиёди назаррасро анҷом додааст ва арзандаи ин мукофоти фахрӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки ҷаласаи мазкур рўзҳои 22 сентябр дар шаҳри Душанбе доир гардида, намояндагони ваколатдор ва коршиносони ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок доштанд. Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони мақомоти геологияи ИДМ ҷараёни иҷрои «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштироккунандаи ИДМ» ва қарори ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.