Хабарҳо

Blog

Эълон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизматии давлатӣ

Санаи нашр: 08-09-2022 Просмотрено: 551

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизматии давлатӣ озмун эълон мекунад:

Номгӯйи мансаб

Номгўйи категория

Музди меҳнат

(бо сомонӣ)

1

Сардори Раёсати корҳо

Категорияи якум

3300,35

2

Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ

Категорияи якум

3300,35

3

Сармутахассиси Раёсати корҳо (оид ба мудофиаи гражданӣ)

Категорияи  панҷум

1660,00

4

Сармутахассиси  Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ

Категорияи  панҷум

1660,00

5

Мутахассиси пешбари  шуъбаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ

Категорияи шашум

1352,90

6

Мутахассиси  шуъбаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ

Категорияи ҳафтум

1112,20

                           

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Талаботҳои тахассусӣ брои ишғоли мансабҳои зерин:

Барои сардори раёсат, доштани 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ

сармутахассис - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ,  мутахассиси пешбар - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ва мутахассис бе доштани собиқаи меҳнатӣ.

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад,

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банаќшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа;

- донистани Конститутсия, ќонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии ба мансаби ишғолшаванда алоќаманд, забон, таърих, фарҳанг, ва муќаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир ва забонҳои хориҷӣ.

       Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотномаи тиббии шакли 038 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).

- нусхаи СИН

   Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо - шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ -14

Телефон барои тамос: 222-22-29, 222-22-03, почтаи электронӣ: info@mintrans.tj,

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун.