News

Blog

ТАМАННИЁТИ ВАЗИРИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗИМ ИБРОҲИМ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ИДИ КАСБИИ РОҲСОЗОН

Date: 07-09-2022 Просмотрено: 467

Роҳсозону роҳдорон ва нақлиётчиёни зафарманди кишвар!

  Мо мардуми сарбаланду сарфарозем, ки 31 сол боз таҳти ҳидояту дастгириҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои озоду осудагӣ соҳибистиқлолии давлати азизамон - Тоҷикистонро бо шаҳомати хос таҷлил мекунем. Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки дар баро­бари таҷлили ҷашни Истиқлоли киш­вар, ҷашни фархундаи касбӣ – 95 - солагии Рӯзи роҳсозон низ таҷлил мегардад. Ҳамаи шуморо бо ин ҷашнҳои  барои ҳамаи мо муқаддас самимона табрик гуфта, бароятон қабл аз ҳама тансиҳатӣ комёбиву барор дар фаъолитяи кориятон ва фазои тинҷу ороми кишварро таманно дорам. 

 Дар зарфи 31 сол тоҷикистониён таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар  бемайлон пеш рафта, барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни муборак бо азми қавӣ ва субот талош меварзиданд.

Рӯзи Истиқлоли кишвар дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли ху­дро эълон кард ва ҳамчун дав­лати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Дар он рӯзҳои тақдирсоз Роҳбарияти давлатро лозим буд, ки пояҳои дав­лати навбунёдро устувор сох­та, барои амлигардии ниёзу ормонҳои мардум самтҳои асо­сии сиёсати дохиливу хориҷии давлатро бар асоси анъанаю суннатҳои дерини давлатдории миллии хеш тарҳрезӣ намоянд ва Тоҷикистонро дар масири рушду тавсеа пеш баранд.

Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвою фитнаи бегонагон дар хоки муқаддаси Тоҷикистон до­ман зада буд, ҳаллу фасли ин масъалаҳои муҳимро ба таъхир андохт. Танҳо пас ба сари қудрати сиёсӣ омадани Сарвари тоҷикон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои дав­латдории навин бунёду устувор гардиданд.

Барқарор шудани сулҳу оромӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар кишвар ба Ҳукумати мамла­кат имкон дод, то ҳамкориҳои бештару густурдатареро бо кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуда, ба ҳалли масъалаҳои мубрами рушди дохилии мам­лакат рӯй орад. Иқтисодиёту инфрасохтори харобгашта ва дарҳамрехтаи мамлакатро ду­бора барқарор кардан лозим омад. Комёбиҳои бадастомада аҳли атрофи кишварамонро ба таҳайюр оварданд. Мавқеи худро дар ҷаҳон пайдо кардани кишварамон имрӯз баръало намоён.

Дар қатори дигар соҳаҳо маҷмааи нақлиёту роҳ низ дар да­воми 31 – соли соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гашт. Зеро бароварда­ни Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз самтҳои стратегии рушди кишвар буд. 

  Таҳти ҳидояту ташаббуси Пешвои муаззами миллат ин ҳадафҳо марҳила ба марҳила пиёда гардида, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби Шаҳристон Сардори давлат бо ҳисси ифтихорот эълон доштанд, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ баромада, ба як кишвари воҳид табдил ёфт.

Президенти маҳбубамон дар Паёми навбатиашон низ ин масъаларо таъкид карданд: “Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем”.

 Боиси ифтихори мо, кормандони соҳаи роҳсозист, ки дар солҳои Истиқлол бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари тоҷикони дунё ва заҳмати шабонарӯзии роҳсозон чи қадар роҳу пул сохтаву таҷдид гардида, кишвари моро ба ҷаҳони мутамаддин пайваст намуданд. Роҳи Мурғоб – Кулма, Душанбе - Чаноқ, Душанбе – Бохтар - Дӯстӣ – Панҷи Поён, Душанбе -  Сарҳади Қирғизистон, Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон, пулҳои автомобилгузар аз болои дарёи Панҷ бо Афғонистон аз зумраи ин роҳҳоянд, ки моро бо кишварҳои ҳамсоя пайваст месозанд ва ҳанӯз ҳам сохтмону таҷдиди роҳҳо идома дорад.

Баъди 31 соли соҳибистиқлолии кишвар бо кишвари ҳамсояву дӯст Ӯзбекистон хатсайри қатораи Душанбе – Самарқанд – Тошканд кушода шуда, дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ хатсайри қатораи мусофирбарии самти Душанбе – Волгоград, Кӯлоб – Волгоград ва Хуҷанд – Волгоград барқарор карда шуд.

 Дар ҳамбастагӣ бо Шарикони Рушд лоиҳаҳои кумаки техникӣ дар Вазорат амалӣ гардидаанд, ки дар натиҷа ба муассисаҳои давлатӣ техникаю таҷҳизоти пуриқтидору замонавӣ дастрас гардидаанд.

  Ҳамаи заҳматҳое, ки баҳри ободониву созандагӣ ба харҷ дода мешаванд, қадрдонӣ мегарданд. Чун ҳарвақта як гуруҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, ки дар рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, аз ҷониби Сарвари давлат бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз шуданд, ки дар қатори онҳо 18 нафар аз соҳаи роҳу нақлиёт буданд ва ин боиси сарфарозии мост. Дар соҳаи роҳу нақлиёт низ ин анаъани нек идома дошта, ҳамасола ба ифтихори Иди касбӣ ва барои саҳми арзанда дар рушди  соҳаи роҳу нақлиёт кормандони соҳа бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз мегарданд, ки ин замина барои қадрдонӣ намудан бо мукофотҳои давлатӣ мегардад.

Шоиста ба зикр аст, ки дар қатори мардон бонувон низ  дар рушду нумӯи соҳаи роҳдорию роҳсозӣ саҳми назаррас доранд ва ин барои кулли роҳсозон боиси ифтихору сарбаландист. 

Барои меҳнати самарабахш ва ҳисса гузоштанатон дар таҳкими музаффариятҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба якояки Шумо ташаккури бепоён изҳор ва та­манно мекунам, ки ба хотири ин ҷашни бузурги таърихӣ –соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон дар мубориза ба муқобили ҳама гуна ҷараёнҳои ба миллати мо бегона, фаъол­тар гардида, ҷиҳати ободонии роҳҳои кишвар, хизматрасо­нии бехатару пурсамар барои халқ ва таъми­ни осудагии Ватанамон боз ҳам бештар кӯшиш намоед.

   Бори дигар Иди Истиқлоли кишвар ва Рӯзи роҳсозонро бароятон табрик мегӯям!