Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Таҷлили ҷашни Истиқлол ва Рӯзи роҳсозон дар Вазорати нақлиёт

Санаи нашр: 07-09-2022 Просмотрено: 466

Таҷлили ҷашни Истиқлол ва Рӯзи роҳсозон дар Вазорати нақлиёт

Ҷашни 31 - солагии Истиқлоли давлатӣ ва Иди касбии роҳсозонро  7-уми сентябри соли равон дар Вазорати нақлиёт ботантана таҷлил намуданд, ки дар он вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, собиқадорон ва кормандони имрӯзаи маҷмааи нақлиёт иштирок доштанд.

Нахуст вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҳозиринро бо ду ҷашни бошукуҳ табрик намуда, аз рушди соҳаи нақлиёту роҳ дар солҳои Истиқлол мисолҳо овард.

Сипас, собиқадорони соҳа, вазирони вақт Фаррух Муҳиддинов, Абдуҷалол Салимов,  Абдураҳим Ашӯр ва собиқдори соҳа Робия Завқиева  ба сухан баромада, оид ба заҳмати Пешвои миллат дар роҳи ба даст овардани Истиқлоли кишвар, меҳнати роҳсозон дар ободониву сохтмони роҳҳо ҳарф зада, аз таърихи роҳсозии кишвар мисолҳо оварданд.  Ҳамчунин ҷавононро ба ватандӯстиву ҳифзи  арзишҳои миллию давлатӣ даъват намудаанд.

Дар қисми дуюми чорабинӣ ба таври анъана ба муносибати таҷлили 31- солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи роҳсозон кормандон ва собиқадорони соҳаи роҳсозӣ, ки дар рушди соҳа хизматҳои арзанда намуданд, бо унвони «Роҳсози фахрӣ», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, 21 нафар бо нишони сарисинагии «Роҳсозӣ фахрӣ»,  32 нафар бо «Ифтихорнома» ва  10 нафар бо «Сипоснома» -и Вазорати нақлиёти Ҷумхурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.