Новости

Blog

Кормандони соҳаи роҳдорӣ ба шанбегии умумисоҳавӣ баромаданд

Дата: 06-09-2022 Просмотрено: 452

Кормандони соҳаи роҳдорӣ

боз ба шанбегии умумисоҳавӣ баромаданд

Дар раванди дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом пеша карда шуд, ки ҳар моҳ дар масири роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин дар нақбҳои автомобилгард  гузаронидани шанбегиҳои умумисоҳавиро баргузор намояд.

 Бо ин мақсад бо иштироки кормандони соҳаи нақлиёти кишвар - яъне кормандони  муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва Муассисаи давлатии “Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ” таҳти роҳбарии масъулини Вазорати нақлиёт 3 сентябри соли 2022 шанбегии навбатии умумисоҳавӣ гузаронида шуд. Роҳдорони кишвар  поккории роҳ аз ашёҳои пластикӣ, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар, рангубори иншооти роҳдорӣ, тахту ҳамвор намудани ду канори роҳ, таъмири ҷорӣ дар  роҳҳо, тоза намудани дохили нақбҳои автомобилгарди “Хатлон” ва “Озодӣ”  - ро анҷом доданд.

Дар шанбегӣ беш аз 1400  корманди соҳаи роҳдорӣ иштирок карда, аз соати 8-00  то бегоҳирўзӣ корҳои тозакуниро  роҳҳо идома доданд.  

Кормандони муассисаҳои давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и ВМКБ, вилояти Суғд, минтақаҳои Ҳисор, Рашт, Кӯлоб, Бохтар ва Муассисаи давлатии “Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ”  36915 метри тулонӣ ҷўйборҳои обгузар, 459,8 км ду канори роҳро аз ашёҳои пластикӣ тоза карда, 1970 м2 иншооти роҳдориро рангубор намуданд. Ҳамчунин ду канори роҳро ба масофаи   34640 м2 тахту ҳамвор, 26664 м2 аз алафҳои бегона, 100 фурӯзонаки дохили нақбҳо ва 1211 м2 атрофи бинои муассисаҳоро тоза карда,  ҳамчунин 147  элементи роҳро ба тартиб дароварда, истгоҳҳоро рангу бор ва ба масофаи 3200 м2 чуқуричаҳоро таъмир карданд.

Баҳри амалӣ намудани корҳои созандагиву ободкорӣ дар кишвар Вазорати нақлиёт тасмим дорад, ки ҳар моҳ чунин шанбегиҳоро ташкил намояд.

“Нақлиёт”