Гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппаи Ӯзбекистон, ки бо Саразми Панҷакент ҳаммарз мебошад, муваққатан баста мешавад. Гуфта мешавад, ки маҳдудият дар ин гузаргоҳи марзӣ аз 5-уми сентябр оғоз гардида, беш аз 10 шабонарӯз, то 16 сентябр идома меёбад.
Ин дар иртибот ба он аст, ки шаҳри Самарқанд имсол мизбони нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (SCO, ШОС) мебошад, ки рӯзҳои 15-16 сентябр доир мешавад. Ба далели нишасти Шанхай мақомоти Ӯзбекистон ҳатто фурудгоҳи Самарқандро барои се рӯз мебанданд.
Гузаргоҳи Ҷартеппа дар рӯ ба рӯи гузаргоҳи Саразми Тоҷикистон, дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон бо ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Аз ин гузаргоҳ аз тарафи Тоҷикистон асосан сокинони Панҷакенту ноҳияи Айнӣ, онҳое, ки ба тамошои Самарқанду Бухоро мераванд, ва ҳам онҳое, ки аз тариқи фурудгоҳи Самарқанд бо нархҳои арзонтар ба Русия сафар мекунанд, истифода мебаранд.
Дар эълоне, ки дар шабакаҳои ичтимоӣ нашр гардид, омадааст, ки рӯзҳои 5-16 сентябри соли 2022 барои ҳаракати шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тавассути ин пости гумрукӣ маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ карда шуд.
Ин маҳдудият чанд мавриди истисноӣ дошта, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад: