Ба таваҷҷуҳи мусофироне, ки бо автобусҳои калонҳаҷм ба самти ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия нияти сафар доранд, расонида мешавад, ки дар терминалҳои мусофирбарӣ танҳо аз билетҳои ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбарии байналмилалие, ки иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, харид намоянд.
Бо мақсади пешгирии оқибатҳои манфӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии мусофирбарӣ, хоҳиш карда мешавад, ки аз нақлиёти ғайрирасмӣ фаъолияткунанда истифода набаранд.