Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Омӯзиш Мубориза бо фасод бояд чӣ гуна бошад?

Санаи нашр: 29-08-2022 Просмотрено: 624

Оид ба омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тибқи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо моҳи августи соли равон дарсҳои омӯзишӣ гузаронда шуда, мавзӯи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавзӯъ аз ҷониби Кармишев Р.З. – сармутахассис-ҳуқуқшиноси Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо гузаронда шуда, мавзӯҳои дахлдор ба иштирокдорони шарҳу тафсил дода шуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд, ки Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқӣ инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Имрӯзҳо мубориза бо коррупсия яке аз мавзӯоти доғи руз шудааст. Оид ба ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии кишвар ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд. Аз нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинӣ «corruptio», буда, бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад. Дар Кодекси рафтори шахсони мансабдори мақомоти тартиботи ҷамъиятиро таъминкунанда (соли 1978) қайд шудааст, ки мафҳуми коррупсияро қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар мекунад. Инчунин дар яке аз ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд СММ) оид ба мубориза бо коррупсияи байналхалқӣ қайд шудааст, ки коррупсия ин сӯйистеъмол аз ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ғаразнок ба манфиати шахсӣ аз тарафи шахси мансабдор аст. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия — кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.

Вазифаҳои стратегӣ иборанд аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин ҷамъият ва давлат аз коррупсия; амалӣ сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ.

Муқовимат ба коррупсия дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:1) қонуният;2) адолат;3) афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; 4) баробарии ҳама дар назди қонун; 5) шаффофият ва ошкорбаёнӣ; 6) ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; 7) пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;

8) таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд; 9) ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” дар моддаи 5. омадааст:

Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо қоррупсия, мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, идоракунии ҳарбҳ, назорати маводи нашъаовар, андоз ва гумрук дар доираи салоҳияти худ бар зидди коррупсия мубориза мебаранд.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия, пешбурди кори таҳлилӣ ба зиммаи Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мониторинги омории вазъи мубориза бар зидди коррупсия ба зиммаи мақомоти прокуратура гузошта мешавад.

Иҷрои талаботи моддаҳои 7, 8, 9, 10, 16 ва татбиқи ҷавобгарии интизомии дар моддаи 11 Қонуни мазкур муқарраршударо роҳбарони ҳама мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ ва дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда таъмин намуда, мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки васеи аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори умум ба амал бароварда мешавад.

Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия натиҷаи асосҳои ташкилӣ ва методии раванди баҳодиҳии (таҳлили) хавфҳои коррупсияро дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатҳ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҷамъбаст менамоянд. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)-ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Субъектҳои муқовимат ба коррупсия инҳоянд:

Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, субъектҳои муқовимат ба коррупсия мебошанд. Барои иҷрои вазифаҳои муқовимат ба коррупсия роҳбарони субъектони муқовимат ба коррупсия масъул мебошанд.

Талабот, мамониат, маҳдудият ва уҳдадориҳои иловагӣ оид ба пешгирии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки бо Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, нисбат ба шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, татбиқ карда мешаванд.

“Нақлиёт”