Новости

slider_img

Имзои қарордод бо ISAN Corporation + М50 Consulting Group

Дата: 18-08-2022 Просмотрено: 961

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори филиали ширкати ISAN дар Алма-ато Джон Хи Де аз ҷониби  ширкатҳои муштараки ISAN Corporation + М50 Consulting Group рӯзи18 августи соли равон Қарордод оид ба хизматрасониҳои машваратӣ ҷиҳати назорати корҳои сохтмонӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ- ро ба имзо расонданд, ки он дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4”амалӣ хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо дарозии 200 метр ва сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 км ва сохтмони роҳи автомобилгард дар мавзеи Барсем бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 840м (290м+550м) ва сохтмони як пул бо дарозии 82,3м пешбинӣ шудааст.

Инчунин, дар ҳудуди вилояти Суғд азнавсозӣ ва таҷдиди қитъаҳои роҳҳои автомобилгард бо дарозии умумии 51,2 км ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла (I) Таҷдиди қитъаи Куруш – Бекобод бо дарозии - 12,3 км; (II) Таҷдиди қитъаи Деҳмой – Б.Ғафуров бо дарозии - 22,0 км; (III) Азнавсозии қитъаи Б.Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,6 км; (IV) Азнавсозии қитъаи Конибодом - Кучкак бо дарозии 10,3 км.