Мо хуб дарк мекунем, ки мавҷудияти марказҳои муосири логистикӣ дар долонҳои нақлиётии байналмиллалӣ гарави истифодаи самараноки иқтидори транзитии кишвар мебошад, - гуфт Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҳангоми суханрониаш дар Конфронси Вазирони нақлиёти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар мавзӯи “Раванди Ашхобод: маблағгузорӣ барои робитаи беҳтар”, ки рӯзҳои 15-16 августи соли равон дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон бо ташаббуси Туркманистон ва Созмони Миллали Муттаҳид баргузор гардид.
Вазири нақлиёти кишвар дар робита ба татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда ва бо мақсади таъмини рушди инфрасохтори нақлиётӣ, системаҳои байналмилалӣ ва логистикӣ, ҳамчунин бо мақсади таъмини рушди босуботи соҳа дар доираи кишварҳои аъзои Созмон ва минтақа, фаъолгардонии ҳамкориҳоро дар самтҳои зерин пешниҳод намуд:
- таъмин намудани системаи иттилоотии шаффоф дар соҳаи хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, қоидаҳо ва расмиёт бо назардошти ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ (системаи интеллектуалии нақлиёт).
- такмил додани системаи тартибу қоидаҳои кашондани борҳои хавфнок ва зуд вайроншаванда.
- чораандешӣ намудан оид ба татбиқкунӣ ва ҳамоҳангсозии назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳо ва баланд бардоштани масъулияти мақомоти дахлдор барои назорати ҳамоҳангшудаи сарҳадӣ.
- бо мақсади ба даст овардани самараи бештар аз рушди ҳамлу нақли байналмилалии бор муттаҳид гардидани давлатҳо дар рушди марказҳои логистикии кишварҳои минтақа.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон – Азим Иброҳим дар суханрониаш ҳамчунин аз дастовардҳо ва ҳадафҳои Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи нақлиёти кишвар ва таъмин намудани шароитҳои мусоид барои ҳамгироӣ ва пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ ёдовар шуда, омодагии кишварро барои ҳамкории судманд ва дарёфти роҳҳои рушди босубот, баён намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Конфронси мазкур намояндагони 32 кишвари рӯ ба тараққии баромад ба баҳр надошта иштирок дошта, дар он масоили муҳими марбут ба рушди соҳаи нақлиёт, аз ҷумла рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва таҷрибаҳо дар самти ҳамкорӣ, пайвасти минтақавии шабакаҳои нақлиёт, рушди долонҳои байналмилалӣ, рақамикунонии соҳаи нақлиёт бо мақсади рушди транзит ва соддагардонии раванди тиҷорат, рушди нақлиёти барқӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.