Ба муносибати муваффақона амалӣ шудани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҳар оилаи кишвар туҳфа намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси роҳбарияти Вазорат дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Вазорат омўзиши китоби «Тоҷикон» ташкил шуда буд, ки аз моҳи майи соли равон дар як ҳафта 2 маротиба рўзҳои чоршанбе ва ҷумъа аз соати 15:00 то 17:00 баргузор мегардид. Дарсҳо аз ҷониби устоди факултаи таърих Донишгоҳи Давлатии Омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшоҳ Маҳмудов хеле ҷолибу хотирмон гузаронида шуданд, ки 5- уми августи соли равон ба анҷом расид.
Шунавандагон аз ин дарсҳо аз таърихи гузаштаи халқи тоҷик маълумоти бештар пайдо карда, барои баргузории чунин омўзиши басе муҳим ба Роҳбарияти Вазорати нақлиёт изҳори миннатдорӣ карданд.
Бояд қайд кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи миллат ва огоҳии комил аз гузаштаи халқи тоҷик дастур дода буданд, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони миллат Бобоҷон Ғафуров чоп ва ба ҳар як хонадони тоҷикистонӣ тақдим гардад.