Хабарҳо

Blog

Сохтмони пули деҳаи Потови ноҳияи Ванҷ ба анҷом расид

Санаи нашр: 11-08-2022 Просмотрено: 2636

Сохтмони пули деҳаи Потови ноҳияи Ванҷ ба анҷом расид ва 25- уми июли соли 2022 бо иштироки Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ноҳияи Ванҷ комиссияи корӣ иншооти мазкурро санҷид. Барои ислоҳи эродҳои комиссия ва баргузории комиссияи давлатии қабул паймонкор то ҷашни Истиқлоли давлатӣ супориш гирифт.

Сохтмони пули деҳаи Потови ноҳияи Ванҷ бо мақсади иҷрои Супориши Президенти кишвар ба номгўи иншооти сохташавандаи Муассисаи давлатии “Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода”-и Вазорати нақлиёт дохил карда шудааст. Дар соли 2020 сохтмони пул пурра иҷро гардид ва давоми солҳои 2021-2022 роҳҳои соҳили рост ва соҳили чап сохта шуданд.

Инак, соли дуюм аст, ки мардуми деҳаи Потови ноҳияи Ванҷ молу маҳсулоти худро бидуни мушкилӣ аз тариқи пули мазкур ба воситаи нақлиёт мекашонанд. Бояд гуфт, ки сохтмони пули мазкур барои мардуми ин минтақа аҳамияти калон дорад, зеро мардум аз набудани роҳ, ба нақлиёт дастрасӣ надоштан, мушкилоти кашонидани молу маҳсулот азият мекашиданд. Инчунин хонандагони мактабҳои ин деҳа, ки ба ин соҳили дарёи Ванҷ ба мактаб меомаданд, дар моҳи май ва сентябр, бо сабаби баланд будани сатҳи оби дарё аз рафтан ба дарс мушкилӣ мекашиданд. Дар вақти камобӣ, аниқтараш дар мавсими сармо, ки оби дарё кам мегашт тариқи пули чубин, ки ҳар сол муваққатан сохта мешуд ва хело ҳам хатарнок буд, рафту омад менамуданд. Хушбахтона, пули мазкур сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.

Лоиҳаи кории пули мазкур аз ҷониби КВД “Пажўҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” таҳия шуда, дорои хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ мебошад. Пул бо дарозии умумии 128 метр, дарозии равоқа 75 метр, паҳноии гузаргоҳи пул 3.5 метр ва вазнбардории 10 тн сохта шудааст. Корҳои сохтмони аз ҷониби ҶДММ “Аҳмадиён” иҷро гардидааст.

Ҳамчунин роҳҳои соҳилии пули мазкур низ сохта ва ба истифода дода шуданд. Роҳҳои соҳилӣ пули мазкур бо дарозии 1.2км, паҳноии 7-8 метр сохта шудааст. Инчунин дар соҳили чапи пул аз зери роҳ дар 2 мавзеъ 2 облўлаи 1,0 метр сохта шудааст. Барои муҳофизати роҳ ва пул аз шусташавии оби дарё, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили чап беш аз 100 метр иҷро гардидааст.

Маблағи лоиҳавии сохтмони пул ва роҳҳои он 6.51 млн сомониро ташкил дода, маблағи барои сохтмон сарфшуда 4.56 млн сомонӣ мебошад.