Новости

slider_img

Хатсайрҳои қатораи мусофирбарӣ аз Тоҷикистон ба Россия ба роҳ монда шуд

Дата: 09-08-2022 Просмотрено: 2145

Пас аз оғоз гардидани маҳдудият дар хатсайрҳои қатораҳои мусофирбар ба самти Россия дар робита ба паҳншавии бемории ҳамагири Ковид – 19, ки зиёда аз ду сол давом карда буд, ҳаракати қатораҳои мусофирбарии байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба самти Россия ба роҳ монда шуд. Ин иқдом пас аз гуфтушунидҳои сатҳи олӣ ва роҳбарияти роҳи оҳани ҳарду кишвар ва дар асоси супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқияи роҳи оҳани Федератсияи Россия роҳандозӣ гардид.

Рўзи 16 августи соли 2022, соати 00:10 қатораи мусофирбарии хатсайри “Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб”, 27 август қатораи мусофирбарии хатсайри “Душанбе – Волгоград -Душанбе” ва 7 сентябр қатораи хатсайри “Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд” ба сафар мебароянд.

Арзиши билет дар қатораҳои мусофирбарии байналмилалии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар хатсайри Кӯлоб - Волгоград дар  вагонҳои  пласкартӣ - 1580 сомонӣ, дар  вагонҳои купей  -   2040 сомонӣ, муқаррар гардида, дар дигар хатсайрҳо ҳам дар мувофиқа бо кишварҳое, ки  қатора сарҳадшаро убур мекунад нархи билет муайян карда мешавад.