- Бо шарофати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт ва мо супориш гирифтем, ки кишварамонро ба давлати транзитӣ табдил диҳем. Дар ин масъала корро ба роҳ мондаем. Имсол 2000 тонна бори транзитӣ интиқол дода шудааст. Агар аз ҷиҳати ҳаҷми интиқоли бор баҳо диҳем ин нишондиҳанда кофӣ нест, вале нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 176% зиёд мебошад. Ин тамоюл агар чунин идома ёбад мо имкон дорем, ки кишварамонро ба давлати транзитӣ табдил диҳем, - гуфт вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар нишасти хабарӣ, ки 5 августи соли равон бо иштироки намояндагони Васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ дар Вазорати нақлиёт доир гардид.
Дар нишаст натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёту роҳ дар давоми нимсолаи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифта, хабарнигорон ба саволҳои худ, оид ба таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳалӣ, ҷадвали ҳаракати қатораҳои Душанбе – Волгоград-Душане, Хуҷанд – Волгоград – Хуҷанд ва Кӯлоб – Волгоград – Кӯлоб, нархи билет дар қатораҳои мусофирбарӣ, сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон, вазъи кор дар лоиҳаҳои сохтмонӣ, истифода аз нақлиёти барқӣ, танзими ҳаркати нақлиёти мусофирбари шаҳр ва ғайра пурсишҳо ба амал оварда аз ҷониби роҳбарияти вазорат ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.