News

slider_img

Таваҷҷуҳ, Озмун!

Date: 08-08-2022 Просмотрено: 2438

Бо мақсади пурра амалӣ намудани «Барномаи рушди ободонии роҳҳои деҳот барои солҳои 2022 - 2026» инчунин ҳавасмандгардонии муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақа ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни «Роҳҳои ободи байни деҳот» гузаронида мешавад.

Дар озмун муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақа ва шаҳру ноҳияҳои тобеи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Фаъолияти муассисаҳои иштирокчии озмун аз рӯи талаботи зерин баҳогузорӣ мегардад:

- тибқи нақша иҷро гардидани корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои автомобилгард;

- аз роҳҳои таъмиршуда чанд киломметр дар тавозуни МДНРА-ҳо қарор доранд;

- сифати иҷрои корҳои таъмири роҳу кӯчаҳои дар нақша пешбинишуда (хуб, миёна, бад);

- иҷрои корҳо бо истифода аз маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо (маблағҷудокунӣ);

- ҷалби ширкатҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар амалӣ намудани ҳадафҳо (саҳмгузорӣ);

- миқдори мумфаршкунии роҳу кӯчаҳои таъмиршуда (бо км. ва фоиз %);

- аз роҳҳои автомобилгарди таъмиршуда чанд киломметр ба категорияҳои 4 ва 5 дохил мешаванд.

Комиссияи озмунӣ пас аз таҳлил ва баҳогузорӣ беҳтарин «Роҳҳои ободи байни деҳот»-ро муайян менамояд.

Ишғолкунандагони ҷойҳои 1, 2 ва 3 бо мукофотпулӣ ва диплом сарфароз гардонида мешаванд.

Барои гирифтани маълумоти бештар ба Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо муроҷиат намоед!

Тел: 2222204,  2222276,  2222201.