Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Роҳдорони кишвар ба шанбегӣ баромаданд

Санаи нашр: 06-08-2022 Просмотрено: 2239

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саҳмгузорӣ дар ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии кишвар Вазорати нақлиёт бо иштироки тамоми кормандони соҳа дар роҳҳои автмобилгарди шаҳру ноҳияҳои кишвар  рӯзи 6 - уми августи соли равон аз соати 8:00 шанбегии умумисоҳавиро баргузор намуд.

 Кормандони соҳа аз муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои  автомбилгарди минтақаҳои Ҳисор, Кӯлоб, Бохтар, Рашт, Суғд ва ВМКБ ба ҳашар баромада, дар тоза кардани шафати роҳҳо ва обпартоҳои қади роҳ аз ашёҳои пластикӣ, алафҳои худрӯ, рангу бор кардани канораҳои роҳ ва дарахтони шафати роҳ ва дигар корҳои ободонӣ  иштирок намуданд.

Аз ҳамаи муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо зиёда аз 1500 нафар дар шанбегӣ иштирок карда, аз соати 8 саҳар тозакуниро аз биноҳҳои коргоҳҳо оғоз намуданд.

Дар ин раванд, иҷрои корҳои зерин дар ҳудуди НТМ, минтақаҳои Ҳисор, Рашт, Кӯлоб, вилояти Суғд ва ВМКБ амалӣ карда шуданд:

  1. Тоза намудани ҷуйборҳои обгузар   162700 метри тулонӣ
  2. Тоза намудани ду канори роҳ аз ашёҳои пластикӣ 605 км
  3. Рангубор намудани иншоотҳои роҳдорӣ    2479 м2
  4. Тахту ҳамвор намудани ду канори роҳ  32875 м2
  5. Тоза намудани ду канори роҳ аз алафҳои бегона 67800м2
  6. Тоза намудани қубурҳои обгузар  11 адад 187 метри тулони
  7. Рангу бор намудани панҷараҳои пул  72 метри тулони
  8. Ба тартиб даровардани элементҳои роҳ 164 адад.

 

Кормандони МД «Нигоҳдорӣ ва равшаннамоии нақбҳо» низ ба ҳашар баромада, даруни нақбҳои «Хатлон» ва «Озодӣ» - ро тоза ва канорадеворҳоро шустушӯй намуданд. Ин агар кори ҳаррӯзаи роҳдорони кишвар бошад, ҳам дар ин рӯз бо аҳли оила ва тамоми кормандони муассиса ба тозакунии роҳҳо баромаданд.

Ин иқдомро кормандони Вазорати нақлиёт давом дода, дар дигар корхонаҳои нақлиётӣ ҳам шанбегиҳо гузаронда  мешаванд.