Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Фаррух Неъмат муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Муаррифинома
Неъматзода Фаррух Неъмат Донишгоҳи Техникии Тоҷикистонро соли 1997 бо ихтисоси ташкилотчии ҳамлу нақл ва идораи нақлиёти автомобилӣ хатм намудааст.
Соли 1997 дар Вазорати ҳифзи табиати ҶТ аввал ба ҳайси мутахассиси пешбар ва баъдан мутахассиси «Бозрасии махсуси давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи табиат ва ҳавои атмосфера» фаъолият намуд. Моҳи майи соли 1999 роҳбари техникии ҶСШК «Сорбон»-и ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардид.
Аз соли 2001 дар Вазорати нақлиёти ҶТ дар вазифаҳои мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ сардори шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, муовини сардори Департаменти нақлиёти автомобилии вазорат, сардори шуъбаи инвеститсионии Идораи сиёсати техникӣ, сардори шуъбаи муносибатҳои байналхалқии Идораи сиёсати нақлиёт, сардори шуъбаи танзими техникӣ ва акредитатсияи Департаменти роҳи оҳан, сардори шуъбаи нақлиёти автомобилӣ, сардори шуъбаи боркашонии автомобилӣ, сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ, сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт фаъолият намудааст. Солҳои 2014-2015 ба ҳайси директор дар ҶСК «Автоколона «29 27» кор карда буд. Сипас аз соли 2017 аввал ба вазифаи муовини сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти ҶТ ва таъд сардори ин Раёсат таъин шуда, то таъиноти нав сардории ин раёсатро ба уҳда дошт.