Бо супориши Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим барои тарбияи ҷавонон дар рауҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, огоҳӣ пайдо намудани ҷавонон аз ёдгориҳои таърихӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ гуруҳи ҷавонони соҳаи нақлиёту роҳ рӯзҳои 23-24 июли соли равон ба шаҳри Бостонии Панҷакент сафар карданд. Ба корвони ҷавонони соҳаи нақлиёт мутахассисони ҷавон аз корхонаву идораҳои тобеи Вазорати нақлиёт аз минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ ширкат доштанд.
Корвони ҷавонон сафарашонро аз ҷойҳои таърихии ноҳияи Айнӣ оғоз намуда, дар рафти сафар аз мақбараву осорхонаҳои бузургон ва шоирону нависандагон айодат намуда аз тамошои ҷойҳои таърихӣ низ баҳравар гардиданд.
Ба ҳайси роҳбалад муаллими Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Маҳмудов Давлатшо дар ин сафар корвонро ҳамроҳӣ карда, ҳангоми боздид аз ҷойҳои таърихӣ дар бораи таърихи он ба ҷавонон маълумоти пурра пешниҳод мекард.
Корвони ҷавонони соҳа пас аз тамошои ҷойҳои диданиву таърихии ноҳияи Айнӣ ба шаҳри Панҷакент раҳсипор шуданд, ки дар он ҷо сафарашро аз боздиди шаҳри Саразми Бостонӣ оғоз намуданд.
Бояд қайд кард, ки таърихи шаҳри Саразми Бостонӣ 5500 сол дошта аз таърихи он бар меояд, ки тоҷикон 5500 сол қабл шаҳрнишин буда, аз тамаддунофар будани миллат шаҳодат медиҳад.
Аз ин ҷо ба тамошои шаҳри Панҷакенти қадима сафар карда, бо таърихи пайдоиши ин шаҳр шинос гардида, онро дар қиёс бо шаҳри ҳозираи панҷакент пур аз таъриху ёдгориҳои қадим дарёфтанд.
Сафари корвони ҷавонон аз аҳамият холӣ набуда, ҷавонон дар ин ҷо на танҳо аз ҷойҳои таърихӣ огоҳӣ пайдо намуданд, балки бо ҳамдигар дӯстӣ пайдо карда, аз кору фаъолияти ҳамдигар бохабар гардиданд.
Дар ташкили ин чорабинӣ саҳми Шӯрои ҷавонони Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт хеле калон аст.