Новости

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Первая заседания руководящего комитета Проекта 6807

Дата: 22-07-2022 Просмотрено: 2004

Рӯзи 21 июни соли 2022 дар Вазорати нақлиёт Ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи 6807 «Такмили иқтидори Вазорати нақлиёт барои беҳтар намудани банақшагирӣ ва амалисозӣ» доир гардид. Дар ҷаласа муовини якуми вазири нақлиёт Раҳим Бобозода ширкат ва суханронӣ намуд.

 

Дар чорабинӣ инчунин Кейта Ҳори – намояндаи сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон ширкат дошт. Рӯнамоии ҳисоботи якум аз тарафи Колин Кассим Мелдор – роҳбари гуруҳи машваратчиён (CEG Ҳиндустон) пешниҳод гардид. Мавзӯи асосии чорабинӣ ин «Кумаки техникӣ барои банақшагирии бахши (сектор) нақлиёт дар Тоҷикистон» буд, ки бо мақсад ва тартиб додани барномаи миллии бахши нақлиёт барои давраи солҳои  2026 – 2040 омода намудани барномаи рушди потенсиали бахши нақлиёт роҳандозӣ гардидааст.

Фаъолият дар чорчӯбаи Кумаки техникӣ бевосита ба Вазорати нақлиёт нигаронида шудаааст. Ду мақсади асосии зикргардида тавъам буда, бояд бо роҳи «омӯзиш дар таҷриба» ба даст оянд ва барои навсозии бахши нақлиёт ва «омӯзиш дар ҷои кор» мусоидат намояд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти барномаи номбурда бахши нақлиётӣ иртиботи нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалиро дар бар мегирад.