Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Сафи занон дар лоиҳаҳо бисёр мешавад

Санаи нашр: 26-07-2022 Просмотрено: 543

Рӯзи 25 июли соли 2022 дар бинои Вазорати нақлиёт нишасти дуюми кории коршиносони соҳа бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар доир гардид.

Дар семинар кормандон маҷмааи нақлиёт бо роҳбарии муовини якуми Вазири нақлиёт Бобозода Раҳим ва намояндагони БАТР бо роҳбарии муовини директор оид ба ҷорӣ намудани равиши гендерӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои БАТР дар Лондон Сунита Питамбер ва Менеҷери лоиҳаи БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Раҳмонбердиев иштирок доштанд.

Дар семинар гуфта шуд, ки дар лоиҳаҳои сохтмони бояд саҳми занон зиёд ва барои онҳо низ дар лоиҳаҳо шароити пурра муҳайё карда шавад.

Бояд қайд кард, ки дар доираи ҳамкориҳои Вазорати нақлиёт бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод қитъаи 2, санаи 8 сентябри соли 2019 миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз тарафи дигар Ёддошти тафоҳум оид ба баробарии гендерӣ ва густариши имкониятҳои иқтисодии занон дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид.

Мақсад аз ба имзорасонии Ёддошти тафоҳуми мазкур таъмини баробарии фаъолияти кории занон дар соҳаи нақлиёт ва сохтмон буда, инчунин тибқи он бояд аз ҷониби мутахассисони соҳа стратегияи фарогири нақлиётӣ оид ба баробарии гендерӣ низ қабул гардад. Семинар ҷиҳати баррасии масъалаи мазкур доир гардида буд.