Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Рӯзи нақлиётчиён таҷлил гардид

Санаи нашр: 25-07-2022 Просмотрено: 2363

Бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ  рӯзи 24 – июл дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи тантанавӣ доир гардид, ки дар он роҳбарият, собиқадорон  ва кормандони соҳаи нақлиёт ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ иштирок доштанд.

 Нахуст вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҳозиринро бо иди касбиашон табрик гуфта, оид ба нақши соҳа дар пешрафти иқтисодиёти кишвар, дастовардҳои дар замони Истиқлол ба дастовардаи нақлиётчиён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ гардондани соҳа сухан кард.

Аз номи собиқадорони соҳа собиқ вазирони нақлиёт Наримон Яқубов ва Абдураҳим Ашӯр ҳарф зада, аз таърихи таъсиси сохтор, корҳои анҷомдода дар соҳа ёдовар гардиданд ва нақлиётчиёнро бо иди касбиашон табрик гуфта, кормандони имрӯзаи соҳаро ба меҳнати софдилона даъват намуданд.

  Сипас, бо фармоиши вазири нақлиёт як қатор кормандони фаъоли соҳа барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа ва фаъолияти пурсамарашон бо нишони сарисинагии «Нақлиётчии фахрӣ», Ифтихорнома  ва Сипосномаи Вазорати нақлиёт қадр гардиданд.

Дар фарҷом вазири нақлиёт ба собиқадорони соҳа барои иштирок дар чорабинӣ, барои ҳидоятҳои насли ҷавон ва саҳмгузориашон дар пешрафти кори соҳа арзи сипос намуд.