Новости

Blog

Табрикоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бахшида ба Иди касбии кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Дата: 25-07-2022 Просмотрено: 530

Кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар ҳамасола 25 июл иди касбии худ “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ”-ро таҷлил мекунанд ва дар  даврони Истиқлоли давлатӣ  ҷашнгирии он ҳамасола хотирмон ва дар фазои орому осоиштаи кишвар гирифта мешавад.   

Таърихи таҷлили ин ҷашн аз он сарчашма мегирад, ки 25 июли соли 1939 Қарори махсуси Комиссариати халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ ба тасвиб расида, тибқи муқаррароти он ҳамаи хоҷагиҳо, муассисаҳои автомобилӣ ва корхонаҳои таъмири автомобилӣ муттаҳид карда шуданд. Баъдан ин сохтор мунтазам ташаккул ёфта, ба таври расмӣ ҳамчун як қисми таркибии шабакаи нақлиётии Иттиҳоди Шуравӣ шинохта шуд, ки ташаккул ва  фаъолияти он аз марказ идора карда  мешуд.

Ҳамин тавр, вобаста ба қарори болозикр ҳамасола 25 июл ҳамчун иди нақлиётчиён  қабул гардида, айни замон мову Шумо  83-умин солгарди иди касбии кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро ҷашн мегирем.

Аз воқеаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар огаҳӣ дорем, ки чигуна баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ сохтори нақлиётии кишвар пароканда гардида, идоракунии мутамарказии соҳа қариб аз байн рафта буд.               

Аз ин рӯ, дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти соҳа ҳалли вазифаҳои бениҳоят мушкили марҳилаи нави таърихии рушди иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла зарурияти аз нав бунёд намудани инфрасохтори  соҳаи нақлиёт ба миён омада буд.

Бинобар ин, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишаврамон дар  Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиётӣ  аҳамияти хоса зоҳир намуда, борҳо қайд намуданд:

“Мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ дар шароити куҳсори Тоҷикистон, ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ, ба хусус нақлиёти автомобилӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Пайваста инкишоф ёфтани соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққиёти ҳамаи бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд мусоидат карда, таъсиси ҷойҳои  нави корӣ ва беҳтаршавии муҳити иҷтимоиро дар ҷомеъа таъмин менамояд”.       

Дар ин раванд, рушди инфрасохтори соҳа дар доираи Барномаҳои давлатии рушди соҳа ва стратегияи миллии кишвар роҳандозӣ гардида, айни ҳол ҳам дар марҳилаи татбиқшавӣ қарор доранд.

 Ба фаъолияти соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар дар даврони истиқлолияти давлатӣ агар назар андозем пешравиҳо бараъло намоёнанд.

Агар то солҳои 2000-ум миқдори корхона ва муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ ангуштшумор буданд, айни замон  дар миқёси ҷумҳурӣ 1867 субъекти хоҷагидор дар бозори нақлиёти автомобилӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин теъдод 224 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 99 амусофирбар, 78 боркаш ва 49 корхонаҳои омехта мебошад. Инчунин зиёда аз 50 ширкати нақлиётӣ дар асоси иҷозатнома дар самти ҳамлу нақли  байналмилалии автомобилӣ фаъолият доранд.

Ширкатҳои нақлиёти ватании байналмилалӣ дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияҳои байналмилалии боркашонии “АВВАТ” ва “АIАТТ”  тибқи Созишномаҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ бо 15 кишвар ва дар маҷмӯъ дар асоси Созишномаҳои байналмилалии дуҷонибаю бисёрҷониба бо 40 кишвари хориҷи дуру наздик ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро амалӣ намуда, ҳиссаи ширкатҳои нақлиёти ватанӣ дар ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ 71%-ро ташкил менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ 527 ҳазору 332 воситаи нақлиёти механикӣ ва ядаку нимядак ба қайд гирифта шудааст, ки  аз ин теъдод 463 ҳазору 939 воситаҳои нақлиёти сабукрав, 42 ҳазору 145 ҳазор воситаҳои нақлиёти боркаш, 15 ҳазору 515 автобусу микроавтобус адад, 3 ҳазору 411 мототсиклҳо ва 2 ҳазору 322 ададро ядаку нимядак ташкил медиҳад.

Имрӯз дар миқёси кишвар 907 хатсайри мусофирбари шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд, ки аз ин шумора 180 шаҳрӣ, 584 наздишаҳрӣ, 123 байнишаҳрӣ мебошад.

Айни замон дар самти ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон тавассути автобусҳо 20 хатсайри байналмилалӣ, аз ҷумла 10 то ба самти Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  3 бо Федератсияи Россия, 2 то бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва 3 хатсайр бо Ҷумҳурии Қазоқистон  тасдиқ гардидаанд.

 Ҳамзамон, аз ҷониби ҶСП “Холдинги Осиё гуруҳ Тоҷикистон” масъалаи ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами  хатсайрҳо бо  шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди чораҷӯӣ қарор дорад.

Ташкили дурусти фаъолияти нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар ва ба роҳ мондани фаъолияти бонизому самарабахш яке аз вазифаҳои ҳалталаби соҳа буда, имрӯзҳо ҳиссагузории бахши хусусӣ ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон баръало назаррас аст.

Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе, бо истифода аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе дар ҳамбастагӣ бо ҶДММ “Авесто гуруҳ” татбиқи Низоми пардохти ғайринақдии (электронӣ) ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе амалӣ намуданд, ки татбиқи низоми мазкур дар ҳамаи хатсайрҳои мусофирбарии пойтахт, аз ҷумла хатсайрҳои микроавтобусӣ низ дар назар аст.

  Ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои калону хурди саноатӣ, аз ҷумла заводи истеҳсоли автобусҳо дар шаҳри Душанбе дар самти саноатикунонии мамлакат ва амалигардии ҳадафи чоруми стратегӣ мусоидат хоҳад намуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби  ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри”, корхонаи муштарак бо иқтидори истеҳсоли  250-300 автобус дар як сол дар ш.Душанбе ба фаъолият  дорад.

Яке аз хусусиятҳои рақобатнокии автобусҳои истеҳсолшаванда дар он аст, ки ҳамаи тамғаҳои автобусҳои “Акиа” бо истифода аз технологияи муосир истеҳсол шуда, ба талаботи меъёрҳои  байналмилаӣ (ЕВРО-5) мутобиқ карда шудаанд. Дар дурнамои наздик заводи мазкур  ба нақша гирифтааст, ки  истеҳсоли микроавтобусҳо ва автомобилҳои боркашро низ ба роҳ монад.

Дар замони имрӯза бо афзудани талаботи экологӣ ва боло рафтани нархи маҳсулоти нафтӣ, нақлиёти барқӣ боз мавқеи худро аз нав барқарор намуда, дар саноати автомобилсозӣ ба истеҳсоли намудҳои гуногуни электромобилҳо диққати хоса дода мешавад.

Дар ин раванд бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани он, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат аз ҷониби Вазорати нақлиёт дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” таҳия гардидааст. Дар марҳилаи якуми Барномаи мазкур раванди воридот ва ташкили инфрасохтори хизматрасонӣ барои электромобилҳо пешбинӣ шудааст, ки пеш аз ҳама ба зиёдшавии парки воситаҳои нақлиёти барқӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ бо нархҳои дастрас мусоидат менамояд.  

Имрӯз нақлиётчиёни кишвар  дар рушди соҳаи нақлиёт ва  ободии кишвар саҳми арзанда дошта, бо ташкил намудани корхонаҳои нақлиётӣ ҳазорон нафар соҳиби ҷои кор ва  бо меҳнати софдилонаи худ  мавқеъ ва обрӯву эътибори хоса пайдо кардаанд. Барои заҳматҳо дар пешрафти кори соҳа ба ҳамаи онҳое, ки саҳми худро софдилона гузоштаанд, арзи сипос менамоям.

Дар охир Иди касбии кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро ба ҳамаи шумо, собиқадорон ва кормандони имрӯзаи соҳа табрик гуфта, барои ҳамагон сиҳатмандӣ, хотири ҷамъ, саодату хушбахтӣ ва аз ҳама муҳим фазои орому осоиштаро дар кишвари азизамон Тоҷикистон таманно намуда, дар фаъолияти пурифтихоратон комёбиҳо хоҳонам. Итминони комил дорам, ки дар якҷоягӣ мо аз иҷрои вазифаи ба зимагузоштаамон, яъне ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистони азизамон саъю талош варзида, онро дар амал татбиқ хоҳем кард.

Бори дигар иди касбиатон муборак, нақлиётчиёни арҷманди кишвар!