News

slider_img

Баррасии масъалаи омӯзиши сохтмони метро дар Душанбе бо ширкати “Роҳи оҳани Корея”

Date: 22-07-2022 Просмотрено: 2366

Мулоқоти Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони ширкати “Роҳи оҳани миллии Корея” бо роҳбарии Сонг Ҷае Ил 22 июл доир гардид. Дар мулоќот масъалаи амалишавии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёт ва ширкати номбурда оид ба омӯзиши сохтмони метро дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Зимни нишаст ҳайатҳо масъалаи маблағгузории лоиҳаи мазкур ва татбиқи амалии дигар лоиҳаҳои сормоягузориро мавриди муҳокима қарор доданд.

Аз ҷониби намояндагони  ширкати Роҳи оҳани миллии Корея ҳавасмандӣ ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳани Ҷ. Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён, сохтмони хати роҳи оҳани нави 27 километра дар шаҳри Кӯлоб ва таҷдиди роҳҳои оҳани мавҷудбуда пешниҳод карда шуд.

Сафари ҳайати номбурда дар Тоҷикистон то 26 июл идома дорад.