Хабарҳо

slider_img
slider_img

Як хабари хуш Қатораи хатсайри Душанбе – Волгоград ба роҳ мемонанд

Санаи нашр: 20-07-2022 Просмотрено: 415

Дар асоси супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2022, №6 ва барқияи роҳи оҳани Федератсияи Россия аз 13 июли соли 2022, №307183 ҳаракати қатораҳои мусофирбарии байналмилалӣ дар хатсайри “Душанбе-Волгоград-Душанбе” аз санаи 30 августи соли 2022 ва “Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд” аз 7 сентябри соли 2022 ба роҳ монда мешавад.

 

Бо назардошти ин, мусофирон, сайёҳон метавонанд барои сафар намудан тавассути ин қатораҳо аз хазинаҳои билетфурӯшии Роҳи оҳани Тоҷикистон билетҳоро харидорӣ намоянд.

Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тавзеҳ доданд, ки ҳаракати қатораҳои мусофирбар пас аз танаффуси дусола роҳандозӣ мешавад. «Ин тасмим дар чаҳорчӯби сафари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон ба Россия ва мулоқоти ӯ бо роҳбарияти Роҳи оҳани ин кишвар гирифта шудааст».

Бояд қайд кард, ки дар бораи нархи билетҳо ва шароити сафар алҳол маълумоте дастрас нест.

Қатора аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба — рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе — рӯзҳои ҷумъа ҳаракат мекунад. Қатораҳо  аз Хуҷанд рӯзҳои чоршанбе ва аз Волгоград рӯзҳои шанбе ҳаракат менамоянд. Аввалин қатора аз Хуҷанд ба Волгоград 7 сентябр ба сафар мебарояд.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Россия 17 марти соли 2020 ба далели паҳншавии сирояти коронавирус муваққатан қатъ гардида буд.

Аз ҷараёни ҳаракати қатораҳо иловатан хабар хоҳем дод.

Г. Ватаншо.