Рӯзи 5 июли соли 2022 Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ба амал овард, ки дар он ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёту роҳ мубодилаи афкор намуда, оид ба кумаки Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони роҳ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонданд.
Вазири нақлиёти кишвар аз ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Чин дар соҳаи нақлиёту роҳ ва дастрас кардани техникаву таҷҳизоти роҳдорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии Вазоратро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда баён дошт.
Сафири Чин қайд кард, ки дар доираи панҷсолаи 14 - ум сохтмони қисмати ҷинии гузаргоҳи Қулма – Қаросу ба нақша гирифта шудааст, ки ҷониби Чин барои ташкили корҳои имконсанҷии сохтмони ин гузаргоҳ маблаuи грантиро пешниҳод хоҳад кард.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо масъалаи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии қитъаи аз офати табии зарардидаи мавзеи Ширговад (км 347) роҳи автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – ағбаи Кулма»-ро, ки аз ҳисоби кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин маблағгузорӣ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ишооти барқарорсозии қитъаи аз офати табиӣ зарардидаи мавзеи Ширговад, ки дар ин муддат (солҳои 2017 - 2022) ҳаракати нақлиётро дар ин масир таъмин менамуд, баъди ба истифода додани нақби «Ширговад» (350 метр) ҳамчун роҳи алтернативӣ истифода мегардад.
Дар идомаи вохӯрӣ Сафир омодагии кишварашро барои дастгирии сохтмон ва азнавсозии роҳи Қалъахум – Ванҷ иброз намуда, қайд кард, ки Чин ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мебошад.
«Нақлиёт»