Новости

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Ҷаласаи ҷамъбастӣ

Дата: 07-07-2022 Просмотрено: 2588

Дар Вазорати нақлиёт 6-уми июли соли равон таҳти раёсати вазири нақлиёт Азим Иброҳим оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар шаш моҳи соли 2022 ва вазифаҳо  барои  3 моҳи соли равон ҷаласаи ҳайати Мушовара  доир гардид, ки дар он сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарону кормандони корхонаву муассисаҳои соҳаи нақлиёту роҳ иштирок доштанд.

Нахуст вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҷаласаро оғоз намуда, сипас муовини вазири нақлиёт Саидмуродзода Шоиста аз рӯи масъалаи матраҳшаванда маърӯза намуд, ки фишурдаи он дар ҳафтаномаи  «Нақлиёт»  чоп хоҳад шуд.