Новости

slider_img
slider_img

Табрикоти вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азим Иброҳим бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ

Дата: 27-06-2022 Просмотрено: 2849

Кормандони шарафманди маҷмааи нақлиёту роҳсозӣ, ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо бо Иди барои ҳамаи мо муқаддас - Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик мегӯям. Таманнои ман дар ин рӯзи фирӯз ин аст, ки ҳамеша ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвари азизи мо пойдору ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар фазои он осудаву хушрӯзгор бошад.

Бо ҳукми тақдир мо, тоҷикон, пас аз ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати соҳибистиқлол гардидем. Вале, ба қавли Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «мутаассифона, ба ҷойи шукрона аз ин неъмати Худодод ва ҳифзу таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мардуми кишвари тозаистиқлоли мо бо дасисаи душманони хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид».

Хушбахтона, бо ташаббус ва ҷоннисориҳои бевоситаи роҳбари хирадманд, сиёсатмадори барҷаста, фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат, мо, тоҷикон, тавонистем сари вақт ҷиҳати ин пешгирии иштибоҳи даҳшатангези миллаткуш тадбирҳо андешем. Пас аз талошҳову ҷоннисориҳои Пешвои хирадманди тоҷикон ба парокандагиву хунрезӣ ва нофаҳмиҳо хотима гузошта шуда миллати парокандаи мо ба ҳам омад.

 27 июни соли 1997 Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин  ҳуҷҷати муҳими таърихӣ барои миллати тоҷик на танҳо сулҳу оромӣ овард, балки сарнавишти онро дигаргун сохт. Тоҷикистон роҳи рушди босуботро ҷониби ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ пеш гирифт.

Имрӯз фаъолияти босамари ҳокимияти давлатӣ ва ободии кишварро дида, шукр мекунем.  Шукр мекунем, ки мо Сарвари фарзонаву дурандеш дорем, ки бо сиёсати хирадмандонаи худ манфиатҳои давлати тозаистиқлоламонро аз ҳуҷумҳои ҳам мусаллаҳонаву ҳам фарҳангии душманон дифоъ менамоянд. Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд, ки «... Мо ба мисли давлатҳои пешрафтаи дунё силоҳи бимовару таҳлукабарангез надорем, аммо фарҳанги тамаддунофар, имони росих, дасти созанда ва хиради азалӣ дорем». Албатта, бо такя бар он метавонем ваҳдату осудагии Ватанамонро ҳифз намоем.

Имрӯзҳо, мо аз ваҳдату якдилӣ ҳарф мезанем, дар ҳоле, ки бештари кишварҳои дунёро оғуштаи ҷангу хунрезӣ ва нифоқу низоъҳои байниҳамдигарӣ мебинем. Набояд он рӯзҳои хунину ҳузнангезро фаромӯш созем, ки миллати моро қариб ба нестӣ оварда буд. Ҳанӯз ҳам хоинони миллат ният доранд суботу оромии кишвари азизамонро ноамн гардонанд. Пас, бояд шукри осудагии кишвар кунему нагузорем, ки хоинони миллат бо истифода аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ фарзандони моро гумроҳ сохта,  миёни ҷомеаи мо нифоқ андозанд. Танҳо бо иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ метавонем пеши роҳи душманони миллатро бигирем ва музаффариятҳои Ваҳдату Истиқлолро ҳифз намоем.

Саҳми мо, кормандони соҳаи роҳу нақлиёт, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон он аст, ки ҳар як вазифаи бар дӯштоштаамонро софдилонаву поквиҷдонона анҷом диҳем.

Боиси хушбахтист, ки Роҳбарияти мамлакат ба таври бесобиқа ба рушди соҳаи нақлиёту роҳсозӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Қабул гардидани яке аз чор ҳадафи стратегии мамлакат –“Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон” далели ин гуфтаҳост.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба чор сӯи олам роҳ кушод.  Яке аз самтҳои стратегии Ҳукумат аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва ба як давлати воҳид табдил додани он амалӣ гардид.  Дар ин самт то имрӯз 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар ин раванд солҳои наздик боз таъмир, сохтмон ва барқарорсозии зиёда аз ҳазор километр роҳҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Имрӯзҳо тавассути ҳудуди Тоҷикистон 10 долони байналмилалии нақлиётии транзитӣ мегузарад.  

Ҳамкориҳо бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ дар сатҳи матлуб қарор доранд. Айни замон татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ идома доранд. Дар доираи ин лоиҳаҳо соли гузашта роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Бохтар, Кӯлоб- Шамсиддин Шоҳин, Шкев Қалъаихум ба истифода дода шуда, сохтмон дар лоиҳаҳои дигар оuоз гардид.

Аз ҷумла, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаихум – Ванҷ – сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон оғоз гардида, сохтмони пулҳо дар ВМКБ босуръат идома дорад.

Ба ғайр аз ин дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббусу дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев пас аз 30 соли таваққуф хатсайри қатораи мусофирбарии Душанбе – Тошканд оuоз гардид, ки ин ҳам нишоне аз ваҳдату ягонагии кишвар мебошад.  Мо бояд аз ин падидаи нек шукргузор бошем. 

Бори дигар ҳамаатонро ба ин рӯзи саид табрик гуфта, даъват ба амал меорам, ки ҳар яки мову Шуморо зарур аст ҳамчун фарди бонангу номуси ҷомеа манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоламон -Тоҷикистонро аз манфиатҳои ҳизбиву гуруҳӣ ва диниву мазҳабӣ болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии Ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи миллат ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоем ва барои ободии ин Ватан ин халқу миллат ва ояндаи нек содиқона хизмат намоем.

Осудагиву иттиҳод, тансиҳатӣ ва ободии хонадони ҳар яки Шуморо таманно дорам.

Иди Ваҳдату ҳамдилӣ муборак!