Рӯзи 20 – уми июни соли равон дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи ҳисоботӣ - интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиётчӣ” таҳти раёсати раиси ин ташкилот, вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим доир гардид, ки дар он роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон Умар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор ва аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби Раиси ташкилоти ибтидоии “Нақлиётчӣ”,интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиётчӣ” ва вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиётчӣ” Азим Иброҳим оид ба фаъолияти ташкилот дар нимсолаи аввал ҳисобот дода, аз дастоварду нақшаҳои минбаъдаи ташкилот мисолҳо овард.
Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор, муовини раиси Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Нақлиётчӣ” Нисо Бобоева суханронӣ намуда, аз дастовард ва барномаҳои амалинамудаи созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ мулоизаҳо намуданд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 12 нафар мутахассиси ҷавон шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба фаъолони ҳизб ифтихорнома тақдим гардид.