Новости

slider_img
slider_img

Хатсайри қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Тошканд кушода шуд

Дата: 20-06-2022 Просмотрено: 2784

     Баъди  30 соли таваққуф нахустин қатораи мусофирбар аз шаҳри Душанбе ба самти Тошканд равон гардид, ки дар маросими ифтитоҳи  ин хатсайр Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва  намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд. 

     Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ин падидаро барои мардуми ҳар ду кишвар фараҳбахшу муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки роҳандозии ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар масири Тоҷикистон ва Узбекистон натиҷаи саъю талошҳои Сарварони ҳар ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев мебошад.

     Вазир ҳамчунин қайд кард, ки дар баробари ҳаракати қатораҳо, ҳамлу нақли мусофирбарӣ дар оянда тариқи автобусҳо низ ба роҳ монда шуда, айни ҳол корҳо барои ифтитоҳи хатсайрҳои доимӣ идома доранд.

     Қатора ҳар ҳафта аз шаҳри Душанбе рӯзҳои душанбе, соати 18:30 ҳаракат карда, рӯзи сешанбе соати 13:43 ба шаҳри Тошканд мерасад. Қатораи мусофирбар дар масири Душанбе –Тошканд 916 км роҳро дар зарфи 21 соат тай намуда, ба пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд мерасад. Нархи чипта аз 370 сомонӣ дар як самт бо назардошти тахфиф вобаста ба вақти фурӯш муқаррар шудааст.

Қатораи мусофирбар дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе шаҳру ноҳияҳои Деҳнав, Шурча, Бойсун, Деҳқонобод, Қаршӣ, Мароканд, Самарқанд, Ҷиззах, Зомин ва Гулистонро убур намуда, мусофирон соати 13:43 дақиқа ба шаҳри Тошканд мерасанд.

    Аз Тошканд қатора соати 16:15 дақиқа бо ҳамин масир ба шаҳри Душанбе бармегардад.

    Ҳаракати қатораи мусофирбари хатсайри  «Душанбе — Тошканд — Душанбе» баъди аз  таваққуф пас аз мулоқоти Сарони ҳарду муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳтарам Шавкат Мирзиёев, рӯзи 2 июни соли 2022 дар Тошканд роҳандозӣ  шуд.