Роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кўлоб - вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҳамроҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода бо ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ дар маҳаллаҳо, кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда дар шаҳр бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос шуданд.
Роҳбари гурҳи корӣ Азим Иброҳим нахуст аз рафти корҳои сохмонии роҳи маҳаллии автомобилгард дар маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои сарфанамудаи Маркази татбиқи лоиҳаи роҳи автомобилгарди “Душанбе-Чанок-сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон” сохта шудааст, ба амал оварда, бо масъулин ва роҳсозони лоиҳа гуфтугӯ намуд. Пас аз шиносоӣ бо рафти корҳо, муҳтарам Азим Иброҳим ба масъулин ҷиҳати таъмини босифати корҳо бо риояи ҳатмии талаботи технологӣ ва дар муҳлати муқарраргардида супоришҳои мушаххас дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар идомаи чунин корҳои созандагию ободонӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба такмили вазъи инфрасохтори деҳот барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон, инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар қисмати навбунёди маҳаллаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ таъмиру навсозии роҳи маҳаллӣ ба масофаи 4 км бомаром идома дорад.
Ҳамзамон, муроҷиати коргарони роҳро дар хусуси бознигарии музди меҳнаташон дар ҷояш мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулини лоиҳа супориш дод, ки муроҷиати мазкур бо назардошти имконият қонеъ карда шавад.
Бояд гуфт, ки дар асоси муроҷиати сокинони ин маҳалла ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар баробари таъмири роҳ, мушкилоти норасоии барқ низ бартараф карда шуда, симчӯбҳои фарсуда ба нав иваз карда шуданд.
Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб бо фаъолони ҷамъиятӣ, раисони маҳаллаҳо ва сокинони маҳаллаи А.Ҷомӣ вохӯрда, дар атрофи корҳои мавсимӣ суҳбат намуда, сокинони маҳаллаи мазкур оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинон ва бартараф намудани як қатор камбудиҳои ҷойдошта саволҳо доданд. Аз ҷумла, сокинон муроҷиат намуданд, ки мактаби таҳсилоти умумии ҳамагонии маҳалла дар масофаи 3-4 км ҷойгир аст ва кӯдакони синни хурди мактабӣ аз мушкилии роҳ душворӣ мекашанд. Дар ҳамин замина, аз тарафи сокинон хоҳиш карда шуд, ки дар бинои масҷиди деҳа, ки бинобар ҳуҷҷатӣ набуданаш чанд сол қабл ба як сокини деҳа ба сифати манзили зист дода шудааст, 3-4 адад синфхона барои ҳамин кӯдакон сохта шавад.
Ҳамзамон, сокинони маҳаллаи мазкур хоҳиш намуданд, ки барои кушодани хатсайри нави нақлиёти мусофирбар мусоидат карда шавад.
Роҳбари гугурҳи корӣ Азим Иброҳим ба масъулин супориш дод, ки дар доираи қонунгузории ҷорӣ масъалаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, дар муҳлатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ба истиқоматкунандагони ин маҳалла ҷавоб диҳанд.
Аъзои гурӯҳ ҳамчунин аз маҳаллаҳои навбунёди Чаманзор боздид ба амал оварда, ба корҳои ободонӣ ва таъмири роҳи мошингард ва қубурҳои обпартои бетонӣ шинос шуданд.
Зимни вохӯрӣ бо сокинон ва масъулини соҳаҳо ҷиҳати иҷрои дастурҳои Пешвои миллат ва истифодаи самаранок аз заминҳои наздиҳавлигӣ, 3-4 ҳосил гирифтан аз як замин ва таъмин кардани захираи дусолаи маводи озуқа дар ҳар хонадон таъкид гардид. Тавре маълум гардид, дар заминҳои хоҷагӣ аллакай ҳосили гандумро ҷамъоварӣ намуда, коҳу хошок барои хӯроки зимистонаи чорворо омода кардаанд. Айни замон хоҷагидорон заминро барои кишти ҳосили дуюм омода месозанд.