Хабарҳо

slider_img
slider_img

Мулоқот бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ

Санаи нашр: 27-05-2022 Просмотрено: 934

      Рўзи 27- уми  майи соли равон вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот намуд.

      Дар мулоқот Муҳаммад Зулфиқор Аҳмад – сармуҳандис оид ба масоили соҳаи нақлиёт ва роҳбари гуруҳи намояндагон, Абдул Ҳамид Халилӣ- мутахассис оид ба амалиёти бонкӣ, Юлия Комагаева - сармутахассис ва Девид Санчес Гарсия- таҳлилгар иштирок доштанд.

      Зимни мулоқот масоили татбиқи марҳилаи чоруми Лоиҳаи беҳтарсозии роҳҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ, ки бо Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои Вазорати нақлиёт баррасӣ гардиданд.

      Нахуст вазири нақлиёт меҳмононро хайра мақдам гуфта, аз ҳамкориҳои Бонки Ҷаҳонӣ бо кишварамон, бахусус дар соҳаи нақлиёт изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин аз рафти кор дар лоиҳаҳое, ки аз ҷониби бонки мазкур маблағгузорӣ мегарданд маълумот дода, аз ҳамккориҳои судманд дар оянда  изҳори боварӣ намуд.

      Намояндагони Бонк низ аз густариши ҳамкориҳои минбаъда бо Вазорати нақлиёт изҳори қаноатмандӣ карданд.