Новости

Blog

Шиносоии Сарвазири кишвар ҷараёни корҳои сохтмон ва навсозии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод

Дата: 25-05-2022 Просмотрено: 934

 

Рўзи 25-уми майи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод шинос шуд, ки дар ин сафарҳо Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ва директори Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо Арабзода Нуралӣ ҳамроҳӣ намуданд.

 

    Сарвазири мамлакат аз нуқтаи якум то нуқтаи охир лоиҳаро аз назар гузаронида, барои суръатафзоӣ ва бо сифат сохтани роҳи мазкур ба масъулин супориш дода  таъкид намуд, ки ба кор бояд бештар кормандони маҳаллӣ ҷалб карда, дар вақти сохтмон аз масолеҳи босифат истифода баранд.

     Лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мазкур фарогири ду марҳила буда, дарозии умумии роҳ беш аз 75 километрро ташкил медиҳад.

    Айни замон мутахассисон бо истифодаи техникаву механизми муосири соҳавӣ ба кор машғул буда, талош доранд, то иншоотро дар муҳлати пешбинишуда мутобиқ ба талаботи замон сохта ба истифода диҳанд.

    Марҳилаи якуми роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод беш аз 30 километрро фаро гирифта, аз қитъаи Обигарм то Тагикамарро ташкил медиҳад.

    Хокканӣ, пармакунӣ, сохтмони ҷўйборҳои бетонӣ, деворҳои ҳимоявӣ, васлу насби арматура ва дар маҷмуъ корҳои сохтмону навсозӣ тибқи нақша анҷом дода мешаванд.

    Дар қитъаи мазкур, тибқи лоиҳа, сохтмони 5 пул бо дарозии 387 метр, таҷдиди як пули 93-метра, такядеворҳои оҳану бетонӣ ба дарозии 2938 метр, деворҳои ҳимоявии бетону сангӣ дарозиашон 1986 метр, 73 лўлаи обгузар ба дарозии 3300 метр ба нақша гирифта шудааст.

    Ҳамчунин дар ин масир бунёди ду нақб, аз ҷумла, Қарағоч ба дарозии 1701 метр ва Кандак, бо дарозии 1610 метр ҷараён доранд.

    Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои нақбканӣ аз сохтмончиён талаб намуд, ки ба лоиҳа ва корҳои нақбканӣ таваҷҷуҳи хос равона созанд, зеро нақб дар минтақаи баландкуҳ бунёд шуда, обу ҳаво ва иқлими ин минтақаи куҳсори Тоҷикистон сербориш мебошад.

    Роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳнои стандартии он ба 12-15 метр ва канораҳои ду тараф ба 2,5 метр баробар мегарданд. Қисмати роҳи мошингард бошад, аз 7 то 10 метрро ташкил намуда, дар маҷмуъ роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

    Айни замон дар марҳилаи якуми сохтмону навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод 417 мутахассиси дохилию хориҷӣ бо ҷалби 110 техникаву механизми роҳсозӣ дар 41 нуқта ба таври густурда фаъолият доранд.      Аз шумораи умумии кормандон 311 нафарашонро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

    Баҳри вусъати корҳои сохтмону навсозӣ ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода супоридани иншоот барои кормандон ва мутахассисони дохилию хориҷӣ, ки дар татбиқи ин лоиҳа фаъолият менамоянд, шароити мусоиди корӣ фароҳам буда, бо сарулибос, хўрок ва ҷойи хоб таъмин карда мешаванд.

      Лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ карда шуда, ҳамоҳангсози лоиҳа Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо мебошад.

     Ин роҳ дар қисмати шарқии Тоҷикистон ҷойгир буда, пойтахти мамлакатро бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст менамояд ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад.

   Мутобиқи талаботи замон сохта, мавриди истифода қарор додани роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сўзишворӣ, интиқоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар ҳама фаслҳои сол ва дар маҷмуъ, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум замина мегузорад.

     Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмону навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ва мулоқот бо мутахассисони дохилию шарикони рушд таъкид намуд, ки минтақае, ки роҳ бунёд карда мешавад, куҳсор буда, дар мавсими боришоту сардӣ имкони босуръат ҷараён додани корҳои сохтмонӣ имконнопазир аст. Вобаста ба ин, масъулон барои дар якҷоягӣ боз ҳам тақвият бахшидани корҳои сохтмону навсозӣ ва ба таври шабонарўзӣ ба роҳ мондани фаъолияти кормандон вазифадор гаштанд.