News

slider_img

Кумаки техникӣ барои лоиҳаи устувории шабакаҳои нақлиётӣ дар Душанбе бо БОР муҳокима шуд

Date: 23-05-2022 Просмотрено: 981

  Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим 23 май бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо роҳбарии сармутахассис оид ба рушди нақлиёти шаҳр Ллойд Райт мулоқот намуд, ки дар он масъалаи кӯмаки техникӣ барои «Лоиҳаи устувории ҳаракати нақлиёт дар Душанбе» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

      Ҳамчунин рўзи 24 май оид ба аҳамият, мақсад ва тарзи татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҷониби БОР семинари машаваратӣ доир гардид, ки дар он Шенни Кэмпбел – намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон, Кимёшӣ Накамитсу мутахассис оид ба рушди шаҳри БОР, Фаррух Нуриддинов – намояндаи лоиҳаи БОР дар Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти дахлдор ва ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар семинар оид ба лоиҳаи татбиқшаванда аз ҷониби мутахассисони ин Бонк рўнамои мавзўҳо манзур гардида, фикру дархостҳо пешниҳод шуданд.

       Рўзи 26 май масъалаи болозикр бори дигар бо намояндагони БОР дар назди вазири нақлиёт мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим аз дастгириҳои пайвастаи Бонки Осиёии Рушд дар пешрафти соҳаи нақлиёти кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки дар  давоми қариб 25 соли ҳамкорӣ БОР дар  рушди инфрасохтор ва суботи иқтисодӣ саҳми назарраси молиявӣ дорад. Ва аз намояндагони БОР ба хотири ташаббуси расонидани кумаки техникӣ барои Лоиҳаи  устувории ҳаракати нақлиёт  дар шаҳри Душанбе миннатдорӣ изҳор дошт.

      Қайд гардид, ки то ҳол бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии Рушд 19 лоиҳа дар соҳаи нақлиёт амалӣ гардида баъзеашон мавриди татбиқ қарор доранд, ки саҳми Бонки Осиёии Рушд 769 миллиону 110 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин 155 миллиону 300 ҳазор доллар маблаuҳои қарзии БОР мебошанд.

     Айни замон бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии Рушд 5 лоиҳа мавриди амалишавӣ қарор доранд, ки инҳо  барқарорсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар марҳилаҳои 1 ва 2 бо дарозии 75 км, роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод марҳилаи 1,  бо дарозии 30,97 км ва Лоиҳаи устувории шабакаи роҳҳо мебошанд.

       Ҳамчунин гуфта шуд, ки кумаки фаннӣ аз ҷониби БОР барои рушди устувори ҳаракати нақлиёт дар Душанбе дар беҳтарсозии ҳаракати нақлиёти шаҳр  нақши муҳим мебозад, зеро Тоҷикистон ҳамчун кишвари куҳистон дорои захираҳои бузурги манобеи барқароршавандаи энергия, аз ҷумла, гидроэнергетика, нерўи офтоб ва бод буда, барои рушди нақлиёти барқӣ, ки ҳам аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба сарфа кардани сӯзишворӣ мусоидат мекунад, мувофиқ аст.

      Ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои ташкили нақлиёти барқӣ дар шаҳр, шароити мусоид фароҳам овардан барои ташкили ин намуди нақлиёт ва паҳлуҳои дигари масъалаи татбиқи лоиҳаи зикргардида ва дигар масоили марбута мубодилаи афкор намуданд.

       Муфассал оид ба рафти семинар ва мулоқоти БОР бо вазири нақлиёт дар ҳафтаномаи “Нақлиёт”маълумот дода мешавад.