Хабарҳо

Blog

Семинари машваратӣ дар Вазорати нақлиёт Бо БОР чӣ маслиҳат шуд?

Санаи нашр: 18-05-2022 Просмотрено: 796

   

 Рўзи 18-уми майи соли равон дар Вазорати нақлиёти ҶТ бо иштироки машваратичии Бонки Осиёии Рушд «Оид ба низоми идоракунии роҳ» Серж Картиер оид ба низоми Идоракунии Дороиҳои Роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (НИДРА) семинар баргузор гардид.

    Ҷаноби Серж Картиер, қайд кард, ки ҳуҷҷати мазкур нақшаи 5-солаи чорабиниҳоро оид ба рушди Низоми Идоракунии Дороиҳои Роҳҳои Автомобилгардро (НИДРА) пешниҳод мекунад. Ин нақша тадбирҳоеро муайян мекунад, ки барои рушди НИДРА андешида шаванд, яъне, ҳадафҳое, ки ҳар сол бояд ба даст биёянд. Мақомоти дахлдори масъул барои ноил шудани ҳадафҳо ва ҳаҷми қаблии маблағгузории зарурӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани НИДРА ташкил карда шавад. Нақшаи чорабиниҳои мазкур асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаҳои соҳаи роҳсозӣ, ки Вазорати молияи ҶТ ва БОР мувофиқа кардаанд, 30 июни соли 2020 таҳия ва қабул карда шуд.

      Пас аз рўнамо иштирокдорон ба Машваратчӣ доир ба мавзўи мазкур суолҳо дода, ҷавобҳои дақиқ гирифтанд.