News

slider_img

Ҳамкориҳо бо Ҷопон тақвият меёбанд

Date: 18-05-2022 Просмотрено: 826

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 18-уми майи соли равон бо Гуруҳи машваратӣ – тадқиқотии JICA мулоқот доир намуд.

     Дар мулоқот ҳамчунин Бобозода Раҳим Бозор – муовини аввали вазир, Сироҷзода Шуҷоат-муовини вазир, муовини директори генералии департаменти Шарқӣ ва Осиёи Марказии идораи марказии JICA Танабе Хидеки, муовини сардори шўъбаи Шарқӣ ва Осиёи Марказии, идораи марказии JICA Окуда Хискатсу, намояндаи идораи марказии JICA Танаучи Кайто, роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мунео Такасака, намояндагони JICA дар Тоҷикистон Уехаро Макико, Ниино Хроши, Фирўз Табаров ва дигар кормандони масъули Вазорати нақлиёт ширкат варзиданд.

 

     Дар оғоз вазири нақлиёт Азим Иброҳим аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон, аз ҷумла, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷопон (JICA) марбут ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки Ҳукумати Ҷопон яке аз шарикони асосӣ ба шумор рафта, дар натиҷаи ҳамкориҳои густурдаву судманд миёни ин ду кишвар лоиҳаҳои зиёде, аз ҷумла, дар соҳаи нақлиёт татбиқ гардиданд. Вазир ҳамчунин қайд намуд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои рушдкунанда мебошад, ки ба бандарҳои ҷаҳонӣ роҳ надорад ва аз ин лиҳоз, ҳамаи нерўро баҳри рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳ нигаронидааст. Соҳа бо истифодаи 114 миллион доллари ИМА маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷопон то имрўз 7 лоиҳаи бунёду азнавсозии роҳҳо ва таҳкимбахшии иқтидори техникии муасисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла, лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Дўстӣ - Панҷи Поён (марҳилаҳои 1 ва 2), Бохтар –Дўстӣ (марҳилаҳои 1 ва 2), хариди техникаю таҷҳизот барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлону минтақаи Ҳисор ва хариди техникаю таҷҳизот барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғду минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон амалӣ гардид, ки дар натиҷа 87,3 километр роҳи автомобилгарди байналмилалии ҷавобгў ба талаботи муосир азнавсозӣ шуда, ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо 333 техника ва таҷҳизоти пуриқтидору зарурӣ дастрас гардид.

    Намояндагони Ҳукумати Ҷопон ривоҷу равнақи ҳамкориҳои судманди минбаъдаро бо Вазорати нақлиёт дар ҳамаи самтҳо аз қатори афзалиятҳои аввалиндараҷа барои солҳои минбаъда маънидод намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи лоиҳои мазкур низ давоми мантиқии ҳамкориҳои судманди миёни ду давлат мебошад, ки бо сифати хуб ва дар муҳлати муайянгардида анҷом хоҳад ёфт.