News

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«Ҷавонон ояндаи миллатанд»

Date: 20-05-2022 Просмотрено: 1111

     Рўзи 20 май бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёти кишвар ҳамоиши ҷавонони соҳа таҳти шиори «Ҷавонон ояндаи миллатанд», бо иштироки вазири нақлиёт Азим Иброҳим, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

 

    Нахуст вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҷавононро бо Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, оид ба вобастагии ояндаи кишвар аз ҷавонон, саҳмгузории онҳо дар пойдории сулҳу суботи кишвар, дастгириву ғамхориҳои Сарвари давлат аз ҷавонон сухан кард. Вазир ҳамчунин ҷавононро ба илмомўзии пайваста, такмили маҳорату малака, инсондўстиву маърифатпарварӣ даъват намуда, аз ҳайёти шахсони баруманд ва бузургон мисолҳо овард ва ба ҷавонон барои аз даст надодани зиракиву ҳушёрӣ, садоқат ба Ватан ва кори софдилона дастуру ҳидоятҳо дод.

    Сипас Раҳмонзода Абдулло аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарбияи ҷавонон, дастгирии ҷавонону наврасон барои иштирок дар мусобиқоту озмунҳои байналмилалӣ, роҳҳои пешгирии экстремизму терроризм ва дигар масоили вобаста ба ҷавонон ҳарф зада, ҷавонони соҳаро ба пешбурди ҳаёти солим ва пойдории сулҳу суботи кишвар даъват намуд.

   Дар ҳамоиш ҳамчунин кормандони ҷавони соҳа Азизаи Имомалӣ ва Хуршед Азимзода аз қадрдониву ғамхориҳои роҳбарияти кишвар дар ҳаққи ҷавонон арзи сипос намуда, ҳаммаслаконашонро бо Рўзи ҷавонон табрик гуфтанд.

   Дар фарҷоми ҷаласа як қатор ҷавонони соҳа барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти кори соҳа бо Сипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Ифтихорномаи Вазорати нақлиёт қадр гардиданд.