Гуруҳи кории махсус 6 майи соли равон бо иштироки вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, раиси Вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодва, сардори КВД “Роҳ оҳани Тоҷикистон” Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон ва дигар масъулини соҳа аз истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон дидан намуда, аз ин истгоҳ ба давлатҳои хориҷӣ 2 ҳазору 700 тонна пиёзи хушсифат содирот гардид, ки ин рақам рў ба афзоиш дорад. Гуруҳи корӣ аз истгоҳи Хатлон, ки дар он анбор ва шароит барои банду басти пиёзи барвақтӣ ташкил карда шудааст, шинос шуда, ба масълин дастуру супоришҳои дахлдор доданд.
Масъалаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи Роҳбарияти давлат қарор дошта, ҷиҳати амалӣ намудани он аз ҷониби сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Хукуматӣ ба масъулини соҳа дастурҳои мушаххас дода шудаанд.
Дар робита ба ин бо мақсади ташкили содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзӣ барвақтӣ тавассути истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон бо фармоиши Вазорати нақлиёт аз 22 феврали соли 2022, №52 гуруҳи корӣ дар ҳамбастагӣ бо КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис дода шуд.
Аз вилояти Хатлон ба ҳолати 12 майи соли 2022 содироти пиёзи барвақтӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан 96 вагон ё 5 760 тонна ва бо нақлиёти автомобилӣ бошад, 92 воситаи нақлиёт ё 1 866 тонна содирот карда шуд.
Истгоҳҳои боркашонӣ барои интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ омода буда, дар истгоҳҳои роҳи оҳани Хатлон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Шаҳритуси минтақаи Хатлон ва дар истгоҳҳои роҳи оҳани Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва Исфараи минтақаи Суғд майдону анборҳо барои хушк намудан, баркашӣ ва банду басти маҳсулот ташкил карда шудааст.
Айни замон дар ҳудуди истгоҳои роҳи оҳани Хатлон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Шаҳритус банду баст ва хушк гардонии пиёз идома дошта, зиёда аз 30 вагони болопӯш омодаи боркунӣ мебошанд.
Масъулини КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” итттилоъ доданд, ки дар ҳолати аз ҷониби соҳибкорон пешниҳод гардидани дархост барои таъмини вагонҳои болопӯш Роҳи оҳан омодааст аз ин ҳам зиёд вагонҳои боркашро таъмин намояд.
Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барои содироти маҳсулоти кишоварзии зудвайроншаванда (лимӯ, олу, зардолу, шафтолу ва сабзӣ, карам ва пиёз) аз минтақаи Хатлон то 90 фоиз тахфиф пешниҳод намуд.
Аз ҷониби ҶС “Ӯзбекистон темир йуллари” аз 1 январ то 31 декабри соли 2022, барои интиқоли борҳо аз 35 то 60 фоиз тахфиф пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, тавассути қитъаи роҳи оҳани “Хушадӣ-Амузанг-Келес” барои содироти пиёзи барвақтӣ 60 фоиз тахфиф пешниҳод гардида, муҳлати интиқоли он аз 120 соат то 72 соат коҳиш дода шудааст.
Вазорати нақлиёт дар ҳамбастагӣ бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба мақсади зиёд намудани интиқоли борҳо тавассути нақлиёти роҳи оҳан, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ пайваста тадбирҳои заруриро рўи кор меорад.