Рӯзи 28-уми апрели соли равон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳбарии Даниел Кулл вохӯрӣ намуд, ки дар он масъалаи дида баромадани раванди корҳои сохтмонӣ дар дориаи татбиқи лоиҳаи "Таҳкими устувории инфрасохтори муҳим барои муқовимат ба офатҳои табиӣ" (сохтмони пулҳо дар ВМКБ) ва омодагӣ ба татбиқи лоиҳаи «Ташаккули омодагӣ ба устуворӣ ба офатҳои табии дар Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зимни вохӯрӣ масоили баррасии рафти корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳа; "Таҳкими устувории инфрасохтори муҳим барои муқовимат ба офатҳои табиӣ», сохтмони пулҳо дар ВМКБ ва баррасии масъалаи омода кардани лоиҳаи нави «Ташаккули омодагӣ ба устуворӣ ба офатҳои табии дар Тоҷикистон» матраҳ гардиданд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим баҳри татбиқи лоиҳаҳо дар доираи маблағгузории Боки Ҷаҳонӣ ба номояндагони он изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки сохтмони 17 пул дар ВМКБ бо маром ва бо сифати баланд новобаста аз вазъи ҷаҳонии пондемия идома дорад. Ў изҳори боварӣ намуд, ки лоиҳаи дуюми зикргардида низ бо сифати баланд ва дар вақти муайянгардида татбиқ хоҳад гардид.
Вазири нақлиёт ҳамчунин оид ба масоили дигари марбут ба лоиҳаи мазкур, ҳолати пулҳои боқимондаи кишвар, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва дигар масъалаҳо таклифҳо ба миён оварда аз ҷониби намояндагони Бонк дастгирӣ ёфтанд.
Роҳбари гуруҳи кории Бонки Ҷаҳонӣ Даниел Кулл низ изҳор дошт, ки дар робита ба паҳншави бемории Коронавирус вохўриҳо танҳо тариқи маҷозӣ сурат гирифтанд, вале новобаста аз ин бо суръат идома ёфтани корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад, ки ин аз кори хуби роҳбарияти Вазорати нақлиёт далолат медиҳад. Ў низ аз ҳамкориҳо бо Вазорати нақлиёти кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, аз густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ибрози ақида намуд.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки аз рафти сохтмони иншоот, яъне 17 пул дар ВМКБ дидан менамояд ва дар сурати ошкор гардидани камбудиҳо баҳри бартараф сохтани онҳо чораҳои мушаххас дида мешаванд.
Гуруҳи корӣ барои шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар пулҳои болозикр ба ВМКБ сафар карданд. Аз натиҷаи снҷиши корашон дар ҳафтаномаи «Нақлиёт» маълумоти муфассал чоп мешавад.