Ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи нуҳуми вазирони нақлиёти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай намояндагони Вазорати нақлиёт бо роҳбарии Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим рўзи 10 – уми май ба шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд. Дар ин сафар намояндагони вазоратро ҳамчунин сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ Қурбонзода Исоҷон ҳамроҳӣ мекунад. Ҷаласаи вазирони нақлиёт рўзиҳои 11 - 12 – уми майи соли равон баргузор гардида, дар он масоили рушди соҳаи нақлиёт, пайвастан ба долонҳои нақлиётӣ, кушодани долонҳои мултимодалӣ, гузаштан ба сохтори рақамикунонӣ ва дигар масоили марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.