Дар доираи нақша – чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистион оид ба омодагӣ ба таҷлили 35 - солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар гуруҳҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони ҳукумат таъсис ёфта, корҳои омодагиро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Ҳафтаи сипаригашта вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим низ ба ҳайси роҳбари гуруҳи кории омодагӣ ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кўлоб қарор дошта, аз иншооти ҷашнӣ дар чор ҷамоати деҳоти шаҳр дидан ба амал овард. Зимни боздид бо намояндагони мақомоти маҳалӣ ва шаҳрвандон мулоқоту вохуриҳо доир намуда, бо шароити кор ва зиндагии онҳо аз наздик шинос гардид.
Дар доираи сафари корӣ вазири нақлиёт аз ду фермаи мурғпарварӣ, се муассисаи таҳсилоти миёна, ки дар марҳилаи сохтмон қарор доранд ва заминҳои кишти пахта боздид ба амал оварда, чиҳати босифат анҷом додани кор ба сохтимончиён ва истифодаи самаранок аз заминҳои кишт ба кишоварзон дастурҳои муфҳид дода онҳоро ба дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт даъват намуд.