Хабарҳо

Blog

Ташкили боркашонии мултимодалӣ дар масири роҳи оҳани Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия

Санаи нашр: 16-04-2022 Просмотрено: 619

Ҷиҳати ташкили боркашонии мултимодалӣ дар масири роҳи оҳани Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия ва иштирок дар  ҷаласаи коршиносони шомили масир ҳайти кории Туркманистон иборат аз масъулини соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан  ҳафатаи гузашта дар Душанбе қарор доштанд.

           Нахуст бо иштироки гуруҳи корӣ дар назди вазири нақиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири нақлиёт Саидмуродзода Шоиста, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон, сардори МД “Нақлиёти автомбилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Раҳмиддин Саломзода, муовини сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Баҳром Шодиев ва дигар мутасаддиён, аз ҷониби Туркманстон, Реджепмамед Реджепмамед - муовини сардори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Худайбердиев Алигули – муовини сардори ширкати Демирёларӣ, Гурбанов Арслан сардори шуъбаи роҳи оҳани "Маркази нақлиётии логистикии Туркманистон,  ва масъулини дагар иштирок доштанд.

                     

         Маврид ба  зикр аст, ки бо мақсади ташкили боркашонии мултимодалӣ 10 феврали соли 2022 дар шакли маҷозӣ ҷаласаи коршиносони роҳи оҳани Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия баргузор гардида, масъалаи тарифҳо ва хатсайри боркашонӣ тавассути контейнер мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ин масъала дар назди вазири нақлиёт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, сипас дар ин замина, гурӯҳи кории ҷониби Туркманистон (Агентии роҳи оҳани назди Девони Вазирони Туркманистон) аз минтақаи роҳи оҳани Хатлон (истгоҳи Кӯлоб) ва роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма дидан намуданд, ки онҳоро муовини вазири нақлиёти кишвар Саидмуродзода Шоиста ҳамроҳӣ намуд.

Гурӯҳи корӣ масъалаи интиқоли бор тавассути контейнер ва шароитҳои логистикаи нақлиётиро дар хатсайри Чин - Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия мавриди омӯзиш  қарор дода, аз натиҷааш протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд. Тибқи протоколи имзошуда, ҷаласаи навбатии коршиносони шомили масир 4 майи соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади ташкили интиқоли мултимодалии борҳо аз Туркия, Эрон ва Туркманистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон бо истифода аз истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб қайд менамоем, ки аз ҷониби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” майдони боркунӣ ва борхоликунии пойгоҳи борҳо (грузовой двор) таъмиру таҷдид гардида, барои харидани як  крани борбардори муосир (мобильный) корбарӣ идома дорад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло интиқоли мултимодалии борҳо тавассути нақлиёти роҳи оҳан аз Туркманистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир буда, барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани арзиши интиқоли бор мусодат менамояд.