Хабарҳо

slider_img

Вохӯрии вазир бо сафири Ҷопон

Санаи нашр: 19-04-2022 Просмотрено: 711

 

       Рӯзи 19 - уми апрели соли равон Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо Сафири тозатаъини фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро Аики мулоқот доир намуд.

       Нахуст, вазир аз муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҳамкориҳо дар самти сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) изҳори сипос намуд. Вазир ҳамчунин афзуд, ки дар муддати 30 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар бо дастгирии Ҷопон 9 лоиҳа оид ба таҷдиду таъмири роҳҳои автомобилгард ва татбиқ гардида, айни замон 2 лоиҳа дар соҳаи нақлиёт дар марҳилаи  татбиқшавӣ  қарор доранд. Бидуни ин дар тӯли 6 соли охир зиёда аз 68 мутахассиси соҳаи нақлиёт дар Ҷопон курсҳои такмили ихтисосро гузаштанд.

       Вазир ҳамчунин баҳри вусъати ҳамкориҳои минбаъда дар соҳа ба сафири Ҷопон таклифҳо  пешниҳод намуд.

       Сафири Ҷопон низ аз идома додани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори боварӣ карда, иброз дошт, ки минбаъд, низ ҳамкориҳо дар соҳаи мазкур ва ҳамчунин дигар соҳаҳо бо Тоҷикистон вусъат хоҳанд ёфт.