Баррасии масъалаи ҳамлу нақли автомблӣ бо Литва
Рўзи 11 апрели соли 2022 вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гинтаутас Васюлис мулоқот доир намуд. Дар вохўрӣ ҳамчунин консули генералии Сафорати Ҷумҳурии Литва дар Тоҷикистон Гвидас Керушаускас ва атташе оид ба нақлиёти Сафорати Ҷумҳурии Литва Гинтаутас Юндзила - ҳузур доштанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт миёни ду кишвар ибрози назар намуда, масъалаҳои имзои Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва ва мубодилаи варақаҳои иҷозати ҳамлу нақл барои соли 2022 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Вазири нақлиёти кишвар қайд кард, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021 Лоиҳаи Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва «Дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» тасдиқ карда шуд, ки он бо роҳҳои дипломатӣ ба ҷониби Литва расонда шуд. Ҷониби Тоҷикистон омодаи имзои Созишномаи мазкур буда, итминон дорем, ки ҷониби Литва низ барои суръат бахшидани ин масъала мусоидат мекунад.
Азим Иброҳим ҳамчунин иттилоъ дод, ки бо дарназардошти афзоиши ҳамлу нақли бор бо ин кишвар ва эҳтиёҷоти интиқолдиҳандагон миқдори варақаҳои иҷозатнома, ки аз ҷониби Литва дастарас мегарданд нокифоя буда, вобаста ба ин 18 феврали соли 2022 ба Раёсати бехатарӣ оид ба нақлиёти Ҷумҳурии Литва барои ивази иловагии варақаҳои иҷозатнома дархост фиристоданд. Дар ин ин иртибот вазири нақлиёт аз ҷониби Литва хоҳиш ба амал овард, ки барои ҳалли мусбати масъала мусоидат намоянд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Тоҷикистон Гинтаутас Васюлис низ густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуда, гуфт, ки мо ҳам хоҳони рушди беҳтари ҳамкориҳо байни Литва ва Тоҷикистон мебошем, вале мутаассифона, бемории ҳамагири Ковид – 19 садди роҳи ҳамкориҳо гардида буд. Айни замон метавонем ин ниятамонро амалӣ намоем.