Санаи 30 марти соли ҷорӣ дар толори Вазорат бо иштироки прокуророни Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳидуллозода М. ва Умарова Б. таҳти раёсати муовини якуми Вазир Бобозода Р. ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа пешниҳод оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткарда ҳангоми иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин роҳбарон ва кормандони масъули сохторҳои вазорат иштирок намуда, оид ба масъалаи муҳокимашаванда суханронӣ намуданд.