Наврўзи аҷам дар Вазорати нақлиёт бо иштироки роҳбарияти ҳозира ва пешинаи вазорат бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Нахуст вазири нақлиёти кишвар ҷамъомадагонро бо ин иди фирўз табрик гуфта, сипас кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтори Вазорати нақлиёт бо оростани дастархони наврўзӣ ва рақсу таронаву бозиҳои шавқовар ба чорабинӣ таровати тоза бахшида, ҳофизи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва ҳаҷвнигорони гуруҳи «Лаҳзаҳои гуворо» ҷашнро боз ҳам рангину хотирмон гардонданд.
Гузориши мусаввар аз ҷашнвора