Рӯзи 14-уми марти соли равон дар вазорати нақлиёт вохурии чоруми ҳайати ҳамоҳангсоз оид ба Низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ бо иштироки вазири нақлиёт Азим Иброҳим, муовини аввали вазир Бобозода Раҳим ва дигар масъулини соҳа баргузор гардид.
Дар вохурӣ намояндагони Шарикони рушд аз ҷумла БОР, Бонки ҷаҳонӣ, JICA ва БАТР иштирок дошта, масоили натиҷагирии иҷроиш барномаи НИДР дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи барнома фикру дархостҳои худро ироа доштанд .