Ба ифтихори таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо аҳли кормандони нашрияи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаномаи «Нақлиёт» вохўрӣ намуда, онҳоро бо иди касбиашон табрик гуфта бо мукофоти пулӣ қадр намуд.
Вазири нақлиёт иброз дошт, ки Рӯзи матбуоти тоҷик бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад. Чунки нақши шумо рӯзноманигорон дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва бахусус рўзномнигорони ҳафтаномаи соҳавӣ дар тарғиби фаъолияти соҳа муҳим ва арзанда аст.
Вазири нақлиёт аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки ҳафтаномаи «Нақлиёт» яке аз беҳтарин ҳафтаномаҳои соҳавии кишвар буда, итминон дорам, ки дар тарғиби сиёсати давлат, бахусус соҳаи роҳу нақлиёт эътибораш боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Ў барои аз ин ҳам пурмазмунтару беҳтар гардидани муҳтавои ҳафтанома ва саҳм гузоштан дар тарғиби фаъолияти корхонаҳои маҷмааи роҳу нақлиёт ба аҳли эъҷоди ҳафтанома дастурҳои муфид дода, қайд кард, ки ҳамеша омодаи дастгирии аҳли қалам аст. Зеро худ узви ҳайати мушовараи чандин рўзномаву маҷаллаи кишвар ва ҳатто берун аз он ва узви Иттифоқи журналистон аз замони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ мебошад ва заҳмати хабарнигорронро хуб дарк мекунад. Беҳудда нагуфтаанд «Қадри зар заргар бидонад…»
Аҳли ҳафтаномаи «Нақлиёт» аз дастгириву ҳидоятҳои пайвастаи вазири нақлиёт изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки барои беҳтару хубтар намудани муҳтавои ҳафтанома ва дар тарғиби сиёсати нақлиётии кишвар саҳм гузоштан аз тамоми имконот истифода хоҳанд кард.